Сафири Тоҷикистон дар ФР Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Кореяи Ҷанубӣ дар ФР Ли Сок Пэ мулоқот намуд

Октябрь 13, 2021 09:43

ДУШАНБЕ, 13.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр Сафири  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Кореяи Ҷанубӣ  дар Федератсияи Росссия Ли Сок Пэ  мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР.

Дар ҷараёни  мулоқот ҷонибҳо масоили рушди ҳамкориро миёни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар соҳаҳои иқтисоду сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва маориф баррасӣ намуданд.

Дар мулоқоти мазкур ҳамчунин перомуни якчанд масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Дар фарҷоми вохӯрӣ  сафирони Тоҷикистону Корея омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ  миёни намояндагиҳои дипломатии ду кишвар дар Москва иброз намуданд.

Акс аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР.

Октябрь 13, 2021 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд