Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Қасри фарҳангро дар ноҳияи Фархор мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 02.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти Фархор бинои Қасри фарҳангро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Аҳли фарҳанг Пешвои муаззами миллатро самимона истиқбол гирифта, барои ин ҳадяи бебаҳо изҳори миннатдорӣ намуданд.
Бинои хуштарҳу замонавии Қасри фарҳанг бо истифода аз санъати баланди меъморӣ бунёд гардида, дар он барои фаъолияти дастаҳои ҳунарӣ, кормандони бахши фарҳанги ноҳия, баргузории ҳамоишу барномаҳои фарҳангӣ шароити зарурии замонавӣ фароҳам оварда шудааст.
Толори асосии бино дорои 400 ҷойи нишаст буда, имконият фароҳам меорад, ки ҳамоишу чорабиниҳои гуногун ва барномаҳои консертӣ минбаъд дар ҳамин ҷо гузаронида шаванд. Толор бо истифода аз санъати баланди меъморӣ ва усули хоси гаҷкорӣ оро ёфта, он бо қандилҳои калонҳаҷми зебо ва дигар ороишот зинат ёфтааст. Барои ороиши дохили толор санъати баланди меъмориву наққошӣ истифода гардида, саҳна бо дастгоҳҳои замонавии равшанидиҳӣ ва тақвияти овоз таъмин гардидааст.
Ҳуҷраҳои алоҳида барои ивази сару либос ва пардозгарӣ бо тамоми лавозимоти зарурӣ сохта шудаанд.
Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки иншоот ҳамчунин дорои 14 адад утоқи барҳавою замонавии корӣ буда, дар дохили Қасри фарҳанг толорҳои хурди тамринӣ низ ташкил гардидаанд. Барои гузаронидани маҳфилу омӯзишҳои касбӣ ва густариш додани малакаи наврасони соҳибиcтеъдод дар бинои мазкур имконияти зарурӣ фароҳам мебошад.
Дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати равнақ додани фарҳанги китобдориву китобхонӣ, дар дохили Қасри фарҳанг китобхонаи муосир ташкил гардидааст, ки хоҳишмандон метавонанд аз он ба таври доимӣ истифода баранд. Китобхона дорои беш аз 2 ҳазор нусха адабиёти гуногун мебошад.
Намои берунаи Қасри фарҳанг бо санъати баланди меъморӣ бунёд гардида, саҳни ҳавлии иншоот пурра сафолакпӯш карда шудааст. Ҳамчунин ҳудуди қасрро фаввораҳои зебо зинат медиҳанд ва барои истироҳату дилхушии кӯдакон дар назди иншоот боғи кӯдакона ташкил гардидааст.
Қасри фарҳанг дар доираи тантанаҳои идона бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд ва ба ҳамин васила барои аҳли фарҳанг шароити мусоиди корӣ фароҳам гардид.








Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»






