Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Қасри фарҳангро дар ноҳияи Фархор мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Октябрь 2, 2021 11:05

ДУШАНБЕ, 02.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти Фархор бинои Қасри фарҳангро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Аҳли фарҳанг Пешвои муаззами миллатро самимона истиқбол гирифта, барои  ин ҳадяи бебаҳо изҳори миннатдорӣ намуданд.

Бинои хуштарҳу замонавии Қасри фарҳанг бо истифода аз санъати баланди меъморӣ бунёд гардида, дар он барои фаъолияти дастаҳои ҳунарӣ, кормандони бахши фарҳанги ноҳия, баргузории ҳамоишу барномаҳои фарҳангӣ шароити зарурии замонавӣ фароҳам оварда шудааст.

Толори асосии бино дорои 400 ҷойи нишаст буда, имконият фароҳам меорад, ки ҳамоишу чорабиниҳои гуногун ва барномаҳои консертӣ минбаъд дар ҳамин ҷо гузаронида шаванд. Толор бо истифода аз санъати баланди меъморӣ ва усули хоси гаҷкорӣ оро ёфта, он бо қандилҳои калонҳаҷми зебо ва дигар ороишот зинат ёфтааст. Барои ороиши дохили толор санъати баланди меъмориву наққошӣ истифода гардида, саҳна бо дастгоҳҳои замонавии равшанидиҳӣ ва тақвияти овоз таъмин гардидааст.

Ҳуҷраҳои алоҳида барои ивази сару либос ва пардозгарӣ бо тамоми лавозимоти зарурӣ сохта шудаанд.

Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки иншоот ҳамчунин дорои  14 адад утоқи барҳавою замонавии корӣ буда, дар дохили Қасри фарҳанг толорҳои хурди тамринӣ низ ташкил гардидаанд. Барои гузаронидани маҳфилу омӯзишҳои касбӣ ва густариш додани малакаи наврасони соҳибиcтеъдод дар бинои мазкур имконияти зарурӣ фароҳам мебошад.

Дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати равнақ додани фарҳанги китобдориву китобхонӣ, дар дохили Қасри фарҳанг китобхонаи муосир ташкил гардидааст, ки хоҳишмандон метавонанд аз он ба таври доимӣ истифода баранд. Китобхона дорои беш аз 2 ҳазор нусха адабиёти гуногун мебошад.

Намои берунаи Қасри фарҳанг бо санъати баланди меъморӣ бунёд гардида, саҳни ҳавлии иншоот пурра сафолакпӯш карда шудааст. Ҳамчунин ҳудуди қасрро фаввораҳои зебо зинат медиҳанд ва барои истироҳату дилхушии кӯдакон дар назди иншоот боғи кӯдакона ташкил гардидааст.

Қасри фарҳанг дар доираи тантанаҳои идона бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд ва ба ҳамин васила барои аҳли фарҳанг шароити мусоиди корӣ фароҳам гардид.

Октябрь 2, 2021 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров аз Бӯстонсаройи беруназшаҳрии «Такоб» боздид намуданд
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон аз Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар консерти арбобони санъат бо номи «Дӯстии абадӣ» иштирок намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти Тоҷикистону Қирғизистон дар маркази «ЭКСПО»-и шаҳри Душанбе боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров дар Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон иштирок намуданд
Нишасти матбуотӣ аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров дар маросими маҷозии бозкушоии гузаргоҳи сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Маросими истиқболи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар Қасри миллат
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд