Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Дастаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд

Октябрь 5, 2021 08:40

ДУШАНБЕ, 05.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Дастаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо назардошти талаботи кории мақомоти мазкур бунёд гардида, аз се ошёна иборат мебошад. Бино дорои ҳуҷраҳои барҳавои корӣ, нуқтаҳои алоҳидаи алоқа, анборҳои нигоҳдории маводу лавозимоти махсус мебошад.

Дохили бинои Дастаи таъйиноти махсус бо сифати баланд бунёд гардида, дар ду ошёнаи он хобгоҳ барои гурӯҳҳои зудамал бунёд ёфтааст. Хобгоҳ бо катҳои хоби бароҳат, мизу курсӣ ва ҷевон муҷаҳҳаз буда, барои истироҳати кормандон имконияти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Ҳамчунин дар ҳудуди иншоот толори варзишӣ ҷойгир мебошад, ки бо тамоми асбобҳои зарурӣ муҷаҳҳаз буда, барои кормандон шароити хуби обу тоби бадан муҳайё карда шудааст.

Ҳамзамон бинои Дастаи таъйиноти махсус дар шаҳри Кӯлоб бо ошхонаи замонавӣ таъмин мебошад.

Иншооти мазкур дар идомаи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳсозии шароити хизматии кормандони мақомоти қудратӣ бунёд ёфтааст.

Раванди бунёди бинову фароҳамсозии шароит дар саросари мамлакат бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бомаром идома дошта, дар ин замина, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи минтақа бо шароити хуб таъмин мебошанд.

Сохтмони бинои Дастаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб дар зарфи як сол анҷом ёфта, атрофи бино бо гулҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан оро дода шудааст.

Зимни боздид ва шиносоӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имконоту шароити фароҳамовардашуда баҳои баланд дода, масъулинро вазифадор намуданд, ки ба обу тоби ҷисмонии ҳайати шахсӣ ва тамринҳои пайвастаи даста таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.

Ба истифода додани бинои Дастаи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб 05.10.2021

Октябрь 5, 2021 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия