Шариф Ҳамдампур: «Ҳодисае, ки сад сол қабл ба сари тоҷикони Осиёи Миёна омада буд, ба сари тоҷикони Афғонистон омад»

Октябрь 15, 2021 14:43

ДУШАНБЕ, 15.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҳодисае, ки сад сол қабл ба сари тоҷикони Осиёи Миёна омада буд, ба сари тоҷикони Афғонистон омад. Ин нуктаро зимни рӯнамоии китоби «Нома ба Панҷшер», ки имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гашт, роҳбари медиа-холдинги «Оила», сармуҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Шариф Ҳамдампур зикр намуд.

«Бадбахтона, сад сол қабл тоҷик пушту паноҳ надошт, вале тоҷикони Афғонистон дар симои Тоҷикистон пушту паноҳ доранд», — тазаккур дод ӯ.

Шариф Ҳамдампур бар он аст, бо вуҷуди он ки Тоҷикистон давлати хурд аст, вале ба икдоми бузург даст зад. Ӯ итминон дорад, ки гуфтушунидҳои Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Аврупо ҳатман натиҷа хоҳанд дод ва муносибати ҷомеаи ҷаҳон нисбат ба вазъи феълии Афғонистон тағйир хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки рӯзноманигор ва публисисти шинохта Шариф Ҳамдампур соли 2006 бо Президенти собиқи Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ мусоҳиба ороста буд, ки он бо номи «Пойдории давлат дар ангезаи миллист» дар маҷмӯаи мусоҳибаҳои муаллиф  «Чунин гуфт оне, ки буду оне, ки ҳаст»  ҷой дода шуддаст. Ин китоб соли 2020 аз ҷониби нашриёти «Адиб» ба табъ расидааст.

АКСҲО аз манбаъҳои боз

Октябрь 15, 2021 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд