Ситораи балети ҷаҳонӣ Фаррух Рӯзиматов ба Тоҷикистон меояд

Октябрь 20, 2021 09:49

ДУШАНБЕ, 20.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Федератсияи Русия, ахтари дурахшони балети ҷаҳонӣ, ҳунарманди дӯстдошта Фаррух Рӯзиматов бо даъвати Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба Душанбе меояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4 декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ нахустнамоиши балети «Садди оташ», ки оҳангсози он Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қудратулло Яҳёев буда,  либретторо  Тоҳир Мамадризоев навиштааст, баргузор мегардад.

Балетмейстерони таҳиягар Равшан Чориев, Сергей Райник (Русия) ва роҳбари бадеӣ Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Шавкат Халилзода мебошанд. Ҳамчунин баргузории шоми эҷодии Фаррух Рӯзиматов дар назар аст.

Бояд гуфт, ки Фаррух Рӯзиматов — раққоси балет, раққоси пешбари балети Театри Мариинский дар солҳои 1986-2007, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1988), лауреати Ҷоизаи ниқоби тиллоӣ (1998), Ҳунарпешаи халқии  Русия мебошад.

Ҳоло роҳбарии дастаи ҳунармандони Театри опера ва балети  шаҳри Новосибирскро бар уҳда дошта, дотсенти рақси классикӣ ва рақси дуэтии Академияи балети Русия ба номи А.Ваганова ва устоди рақс дар Санкт-Петербург мебошад.

 АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 20, 2021 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад