Соли 2021- Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар миқёси ИДМ. Дар Тоҷикистон таҳияи нақшаҳои генералии 64 шаҳру ноҳияҳо пурра ба анҷом расидаанд

Октябрь 9, 2021 10:06

ДУШАНБЕ, 09.10.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Соли 2021 дар миқёси кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ  эълон гардидааст. Дар иртибот ба ин аз ҷониби Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ нақшаи  чорабиниҳо бахшида ба  Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар Иттиҳоди давлатҳои Мустақил  тарҳрезӣ гардидааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо  мақсади дар сатҳи баланди омодагӣ  таҷлил намудани Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ Кумитаи тадорукот  таъсис дода шудааст.

Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Файзуллозода, ки ҳамзамон раиси Кумитаи тадорукот оид ба ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ мебошад, гуфт, «бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани   Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар давлатҳои ИДМ нақшаи чорабиниҳои  илмию амалӣ, фарҳангӣ  ва оммавӣ тасдиқ гардидааст. Тибқи он, ташкили омӯзиши  мутахассисони ҷавони  соҳаи меъморӣ дар хориҷи кишвар, чорабиниҳои эҷодии  ташкилоту идораҳои  дорои фаъолияти меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ташвиқи  санъати меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва ташкили рӯзҳои «Эҷодии меъморӣ» дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе ва вилоятҳо, иштироки меъморони Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар чорабиниҳое, ки бо қарори  Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ гузаронидани онҳо дар кишварҳои ИДМ муқаррар гардидааст, дар назар дошта шудаанд. Инчунин ташкили семинару омӯзишҳо дар шаҳру ноҳияҳо доир ба «Рушди  меъморӣ ва шаҳрсозӣ», баргузор намудани ҳамоиши байналмилалии  «Ҷоизаи Оғохон дар соҳаи меъморӣ бо иштироки  меъморони кишварҳои ИДМ дар Душанбе,   машварати Шӯрои ҳамоҳангсозии Ассотсиатсияи  байналмилалии Иттифоқи меъморони  кишварҳои ИДМ +Гурҷистон, Украина ва Сербия (МАСА) дар Душанбе, ташкили намоиш-озмуни  байналмилалии МАСА «Беҳтарин асарҳои меъмории ИДМ»,  нашри китоб доир ба санъати  меъмории Тоҷикистон  ва албоми «Беҳтарин асарҳои меъмории лоиҳакашон», инчунин ташкили Фестивал бахшида ба 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 85 –солагии Иттифоқи меъморони Тоҷикистон  ва соли 2021- Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар ИДМ  бо намоиш пешбинӣ гардидаанд. Дар доираи эълон гардидани соли  2021 Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон  ва бинои факултаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии  Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ ва Иттифоқи  меъморони Тоҷикистон  гӯшаҳои «Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ» ташкил гардидаанд.

Мавриди зикр аст, ки дар  Соли  меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар миқёси ИДМ Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба истифода дода шудани қариб  580 ҳазор метри мураббаъ  хонаҳои истиқоматӣ дар шашмоҳаи аввали соли равон дар кишвар  хабар медиҳад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар ин давра фондҳои асосӣ ба маблағи беш аз 1,6 миллиард сомонӣ ба кор андохта шуда, иҷрои корҳои  сохтмонию  васлгарӣ  беш аз 5,4 миллиард сомониро ташкил дод. Ҳамзамон дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 8750 ҷойи нишаст, беморхона барои 140 кат, дармонгоҳ барои 340 қабул дар як баст ва муассисаҳои томактабӣ барои  635 ҷой ба истифода дода шудаанд.

Айни замон  аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  таҳияи нақшаҳои генералии 64 шаҳру ноҳияҳо  пурра ба анҷом расида, бо қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ ва  мавриди амал қарор доранд. Таҳияи лоиҳаи  Нақшаи генералии  ноҳияи Данғара  ба анҷом расонида шуда, дар мувофиқа  қарор дорад. Аз 65  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  лоиҳаҳои муфассали   банақшагирии  10 маркази шаҳру ноҳияҳо тасҳеҳталаб буда,  дар соли гузашта ва шашмоҳаи аввали соли равон таҳияи лоиҳаи муфассали   банақшагирии қисматҳои  алоҳидаи марказҳои ноҳияҳои Ёвон, Ховалинг ва Ишкошим  пурра иҷро гардида,  баъди муҳокима дар Шӯрои  шаҳрсозии Кумита  барои баррасии минбаъда  ва тасдиқ ба мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои зикргардида супорида шуд.  Таҳияи лоиҳаи муфассали банақшагирии қисми марказии шаҳри Хоруғ, маркази ноҳияҳои Вахш, Балҷувон, Левакант ва Дӯстӣ ба анҷом расонида шуда,  барои баррасӣ ва мувофиқасозӣ ба мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳру ноҳияҳои зикршуда  пешниҳод гардидааст.

                                          Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

 Аксҳо аз манбаъҳои боз

Октябрь 9, 2021 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тошканд ҷамъ омаданд
26 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ. Бахшида ба он Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон доир гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои «Moody’s Investors Service» ва «De La Rue» масъалаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дурнамои макроиқтисодӣ бо назардошти номуайяниҳо дар бозори молиявӣ дар форуми Вашингтон баррасӣ гардид