Сулаймон Зиёзода ва Бекир Пакдемирлӣ дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзиро баррасӣ намуданд

Октябрь 28, 2021 10:02

ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26 октябр дар шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо Вазири кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Туркия Бекир Пакдемирлӣ  баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии мамлакат.

Мулоқоти Сулаймон Зиёзода бо Бекир Пакдемирлӣ  дар доираи ҷаласаи 8-уми вазирони кишоварзии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ оид ба амнияти озуқаворӣ ва рушди кишоварзӣ сурат гирифт.

 Дар мулоқот оид ба вазъи ҳозира ва дурнамои рушди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла, масъалаҳои муътадил гардонидани муносибатҳои иқтисодии байнисоҳавӣ, ки ба афзоиши истеҳсолот мусоидат мекунанд, инчунин ҳавасмандгардонии ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ дар истеҳсол, коркард ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ ва дигар тадбирҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1992 ба узвияти Созмони ҳамкории исломӣ оид ба амнияти озуқаворӣ ва рушди кишоварзӣ ва соли 2007 ба Иттиҳоди парлумонии Созмони ҳамкории исломӣ пазируфта шудааст.

АКС аз Вазорати кишоварзии ҶТ

Октябрь 28, 2021 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад