ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 октябр, чоршанбе, 293-умин рӯзи соли 2021 аст

Октябрь 20, 2021 08:00

20 октябри соли 2009 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 110-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемур ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

***

11 сол пеш, 20 октябри соли 2010 дар мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири Раёсати кор бо муассисаҳои молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ник Тессиман масоили ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ дар рӯҳияи инсондӯстӣ, раҳму шафқат ва бо мақсади бахшидани гуноҳҳо дар арафаи 20-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

20 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии танзимгарони ҳавоӣ.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди остеопороз.

РӮЙДОДҲО:

20 октябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор шуд.

***

20 октябри соли 2011 масоили тавсеаи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Япония баррасӣ гардид.

***

199 сол муқаддам, 20 октябри соли 1822 дар Англия шумораи нахустини рӯзномаи «The Sunday Times» ба нашр расид.

***

20 октябри соли 1945 аввалин маротиба занҳо дар Франсия ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан ба даст оварданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1868 дар Киев нахустин бонки хусусии тиҷоратӣ ифтитоҳ ёфт.

***

20 октябри соли 1714 Пётри I қарореро оид ба манъи истифодаи сангҳо дар сохтмонҳои Россия, ба истиснои Санкт-Петербург қабул намуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе муносибатҳои Тоҷикистону Туркия муҳокима шуданд.

***

Соли 1982 дар Лужники фоҷиа рух дод: дар натиҷаи танбашавӣ 66 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Октябрь 20, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 декабр, чоршанбе, 339-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 декабр, сешанбе, 338-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 декабр, душанбе, 337-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 декабр, якшанбе, 336-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 ноябр, шанбе, 335-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 ноябр, ҷумъа, 334-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 ноябр, панҷшанбе, 333-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 ноябр, чоршанбе, 332-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 ноябр, сешанбе, 331-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 ноябр, душанбе, 330-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 ноябр, якшанбе, 329-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 ноябр, шанбе, 328-умин рӯзи соли 2024 аст