ТАЪМИНОТИ БАРҚ МАҲДУД НАШУДААСТ. Шарҳи маркази матбуоти «Барқи тоҷик»
ДУШАНБЕ, 13.10.2021/АМИТ «Ховар»/. Ҳамаи хабару овозаҳое, ки дар як қатор воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи гӯё ҷорӣ шудани маҳдудият дар интиқоли барқ паҳн мешаванд, ягон асос надоранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази ШСХК «Барқи тоҷик» хабар доданд.
«Дар давраи тайёрӣ ба зимистон ва омода намудани низоми энергетикии кишвар ба зимистон, аз ҷумла буридани шохаҳои дарахтон ва аз дигар монеаҳо озод намудани хатҳои интиқоли барқ, инчунин гузаронидани корҳои профилактикӣ дар зеристгоҳҳои хурду калон ва дигар таҷҳизоти интиқоли барқ дар баъзе қитъа ва ноҳияҳо дар соатҳои муаяйн имкон дорад, ки интиқоли барқ қатъ карда шавад. Хотиррасон менамоем, ки ин тадбир зарурист ва ҳар сол дар ибтидои зимистон гузаронда мешавад», — гуфта мешавад дар шарҳи маркази матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» дар иртибот ба ин мавзуъ.
Дар маркази матбуоти шикати «Барқи тоҷик» ҳамчунин тазаккур доданд, ки зимистон барои таъминоти барқ ҳамеша давраи фавқулодда аст. Вобаста ба афзудани талабот ба истифодаи барқ мушкилот низ зиёд мегардад. «Аз ин рӯ, аз муштариёни нерӯи барқ ва роҳбарони корхонаву муассисаҳо хоҳиш мекунем, ки дар давраи зимистон ҳар қадар имкон доранд аз барқ сарфакорона истифода баранд. Ин ба манфиати ҳама ва ҳар кас аст», — омадааст дар шарҳи маркази матбуоти ширкат.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид






