Тоҷикистон ва Эрон роҳандозии ҳамкории беҳтарро дар амалисозии лоиҳаҳои муштарак зикр намуданд

Октябрь 28, 2021 15:24

ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири неруи Эрон, ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиакбари Меҳробиён дидору гуфтугӯ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот масъалаҳои таҳкими равобити дуҷонибаи иқтисодиву тиҷоратӣ, аз ҷумла амалӣ намудани тавофуқоти ҳосилшуда зимни мулоқоти сатҳи олии ҷонибҳо дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба рафти иҷрои қарорҳои ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон (7-8 июни 2021, Душанбе) табодули назар намуда,  мавҷудияти зарфияту имконот ҷиҳати роҳандозии ҳамкории беҳтар ва баҳрабардории мутақобили бештар аз лоиҳаҳои муштаракро зикр намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 27 октябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Теҳрон дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон+Русия иштирок ва суханронӣ намуд.

АКС: ВКХ ҶТ

Октябрь 28, 2021 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид