Томас Ҷордан ба иқдомҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар шароити душвори иқтисоди ҷаҳонӣ баҳои баланд дод
ДУШАНБЕ, 15.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон бо Швейтсария ҳамкориро дар низоми бонкӣ густариш медиҳад, гуфт Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода зимни мулоқоти фосилавӣ бо Раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Ҷордан. Мусоҳибон масъалаи тавсеаи ҳамкориро дар низоми бонкии кишварҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода ба сатҳу сифати ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки миллии Швейтсария баҳои баланд дода, Томас Ҷордан ва ҳамроҳони ӯро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии Тоҷикистон шинос намуд.
Таъкид гардид, ки новобаста ба таъсири амиқ ва номуайяниҳое, ки бар асари пандемияи COVID-19 ба вуҷуд омадаанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист бо тадбирҳои сари вақт андешидаи ҳукумат рушди муътадили иқтисоди кишварро таъмин намояд. Ҳамин тавр, давоми моҳҳои январ-августи соли 2021 Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишвар 56,3 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он 8,7 фоизро ташкил дод, ки рушди воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,0 банди фоизӣ зиёд мебошад.
«Дар шароити кунунӣ пешгӯӣ кардани санаи дақиқи бартараф намудани пайомадҳои вазъи мураккаби ҷорӣ, ки дар натиҷаи паҳншавии пандемияи COVID-19 ба миён омадааст, ғайриимкон мебошад. Аз ин лиҳоз, Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати коҳиш додани таъсири пандемия ба бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар татбиқи чораҳои заруриро идома медиҳад»,-таъкид дошт Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода.
Раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Ҷордан огоҳии хешро аз тадбирҳои сари вақт андешидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати коҳиши таъсири манфии пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти кишвар иброз дошта, гуфт, ки тадбирҳои андешидашуда имкон доданд, то соли молиявӣ бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст карда шавад. «Воқеан мо ба иқдоми роҳандозинамудаи БМТ дар шароити душвори иқтисоди ҷаҳонӣ баҳои баланд медиҳем ва самти интихобнамудаи Шуморо дуруст меҳисобем»,- афзуд Томас Ҷордан. Зикр шуд, ки БМТ бо якчанд сохторҳои давлатӣ ва ташкилоти Швейтсария ҳамкории босамар ба роҳ мондааст ва ин боиси қаноатмандии ҳарду ҷониб мебошад. Аз ҷумла, БМТ дар самти таъмини устувории суботи молиявӣ, идораи самараноки захираҳои байналмилалӣ ва татбиқи сиёсати монетарӣ бо Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ (SECO) равобити судманд роҳандозӣ намуда, дар ин замина ҷиҳати рушди низоми бонкии кишвар аз кумакҳои техникӣ ва машваратии ниҳоди мазкур бархӯрдор гардидааст.
Ҳоким Холиқзода ба ҳамтои швейтсариаш барои кумакҳои техникӣ ва машваратии Бонки миллии Швейтсария арзи сипос намуда, бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонии бонки мазкур изҳори эътимод намуд, ки минбаъд низ ҳамкорӣ дар самти ҳадафгирии таваррум, рушди низоми пардохт ва таъмини устувории низоми комплаенс идома хоҳад кард.
Мулоқоти мазкур дар доираи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, ки 11-17 октябри соли равон дар Вашингтон бо иштироки вазирони молия, роҳбарони бонкҳои марказӣ ва сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ҷараён дорад, доир шуд.
Аксҳо аз Бонки миллии Тоҷикистон








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст






