Томас Ҷордан ба иқдомҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар шароити душвори иқтисоди ҷаҳонӣ баҳои баланд дод

Октябрь 15, 2021 15:49

ДУШАНБЕ, 15.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон бо Швейтсария ҳамкориро дар низоми бонкӣ густариш медиҳад, гуфт Раиси  Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода зимни мулоқоти фосилавӣ бо Раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Ҷордан. Мусоҳибон масъалаи тавсеаи ҳамкориро дар низоми бонкии кишварҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода ба сатҳу сифати ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки миллии Швейтсария баҳои баланд дода, Томас Ҷордан ва ҳамроҳони ӯро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии Тоҷикистон шинос намуд.

Таъкид гардид, ки новобаста ба таъсири амиқ ва номуайяниҳое, ки бар асари пандемияи COVID-19 ба вуҷуд омадаанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист бо тадбирҳои сари вақт андешидаи ҳукумат рушди муътадили иқтисоди кишварро таъмин намояд. Ҳамин тавр, давоми моҳҳои январ-августи соли 2021 Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишвар 56,3 миллиард  сомонӣ ва афзоиши воқеии он 8,7 фоизро ташкил дод, ки рушди воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,0 банди фоизӣ зиёд мебошад.

«Дар шароити кунунӣ пешгӯӣ кардани санаи дақиқи бартараф намудани пайомадҳои вазъи мураккаби ҷорӣ, ки дар натиҷаи паҳншавии пандемияи COVID-19 ба миён омадааст, ғайриимкон мебошад. Аз ин лиҳоз, Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати коҳиш додани таъсири пандемия ба бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар татбиқи чораҳои заруриро идома медиҳад»,-таъкид дошт Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода.

Раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Ҷордан огоҳии хешро аз тадбирҳои сари вақт андешидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати коҳиши таъсири манфии пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти кишвар иброз дошта,  гуфт, ки тадбирҳои андешидашуда имкон доданд, то соли  молиявӣ бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст карда шавад. «Воқеан мо ба иқдоми роҳандозинамудаи БМТ дар шароити душвори иқтисоди ҷаҳонӣ баҳои баланд медиҳем ва самти интихобнамудаи Шуморо дуруст меҳисобем»,- афзуд Томас Ҷордан. Зикр шуд, ки БМТ бо якчанд сохторҳои давлатӣ ва ташкилоти Швейтсария ҳамкории босамар ба роҳ мондааст ва ин боиси қаноатмандии ҳарду ҷониб мебошад. Аз ҷумла, БМТ дар самти таъмини устувории суботи молиявӣ, идораи самараноки захираҳои байналмилалӣ ва татбиқи сиёсати монетарӣ бо Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ (SECO) равобити судманд роҳандозӣ намуда, дар ин замина ҷиҳати рушди низоми бонкии кишвар аз кумакҳои техникӣ ва машваратии ниҳоди мазкур бархӯрдор гардидааст.

Ҳоким Холиқзода ба ҳамтои швейтсариаш барои кумакҳои техникӣ ва машваратии Бонки миллии Швейтсария арзи сипос намуда, бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонии бонки мазкур изҳори эътимод намуд, ки минбаъд низ ҳамкорӣ дар самти ҳадафгирии таваррум, рушди низоми пардохт ва таъмини устувории низоми комплаенс идома хоҳад кард.

Мулоқоти мазкур дар доираи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи  байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, ки 11-17 октябри соли равон дар Вашингтон  бо иштироки вазирони молия, роҳбарони бонкҳои марказӣ ва сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ҷараён дорад, доир шуд.

    Аксҳо аз Бонки миллии Тоҷикистон

Октябрь 15, 2021 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон беш аз 23 миллиард сомониро ташкил дод
Маконҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистонро беш аз 760 ҳазор сайёҳи хориҷӣ тамошо намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1222 то 0.1205 сомонӣ муқаррар шудааст
Логистика ба бахши ҷудонопазир ва муҳаррики муҳими иқтисод табдил меёбад
Ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» доир шуд
Дар Форуми иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ зиёда аз 100 ширкати Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб иштирок намуданд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб Созишномаи ҳамкорӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид
Форуми иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб доир гардид
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 18,1 миллиард сомонӣ расид
Вохӯрии маҷозии Шурои тиҷоратии Тоҷикистону Амрико дар мавзуи технологияҳои рақамӣ баргузор гардид
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамкориро дар бахшҳои саноат ва иқтисод баррасӣ намуданд
Иншооти аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» таҳти роҳнамоии Президенти Тоҷикистон бунёд мегардад