Вакили Маҷлиси намояндагон Рустам Шоҳмурод дар ҷаласаи Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба мудофиа ва амният иштирок намуд

Октябрь 29, 2021 11:38

ДУШАНБЕ, 29.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар Қасри Таврическии шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба мудофиа ва амният баргузор гардид, ки дар кори он раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод дар реҷаи маҷозӣ  (онлайн) иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба   АМИТ “Ховар” хабар дод.

Аъзои комиссия масъалаи ташкилии интихоби раиси комиссия ва муовинони ӯро ба муносибати тағйир ёфтани ҳайатҳои вакилони парламентӣ оид ба иштирокашон  дар фаъолияти АБ  ИДМ баррасӣ намуданд.

Дар ҷаласа ҳамчунин лоиҳаи қонуни намунавӣ  «Дар бораи амнияти миллиро» муҳокима намуданд, ки омода намудани он ба якчанд ҳолат, аз ҷумла таҳдид ба давлатҳо бинобар тезу тунд шудани вазъияти байналмилалӣ, тамомияти арзии давлат, зарурати истифодаи неруи ҷомеаи шаҳрвандӣ барои таъмини амнияти миллӣ вобаста буд.

Дар ҷаласаи комиссия лоиҳаи қонуни намунавӣ «Дар бораи низоми ягонаи даъвати ёрии таъҷилӣ», ки ба мувофиқа кардани қонунҳои миллӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи вокуниши саривақтӣ ба ҳодисаҳо ва ҳолатҳои фавқулода пешбинӣ шудааст, баррасӣ гардида,  барои гирифтани хулосаи экспертӣ ба парламентҳои давлатҳои аъзои ИДМ ирсол гардид.

Дар ҷаласаи комиссия аъзои Шӯрои фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадӣ лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонунҳои намунавии «Дар бораи амнияти сарҳадӣ», «Дар бораи сарҳади давлатӣ», «Дар бораи мақомоти (қувваҳои) сарҳадӣ»-ро, ки тибқи барнома таҳия шудаанд, пешниҳод намуданд.

Аъзои комиссия ба хулосае омаданд, ки ҳамкории кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти таҳкими амнияти сарҳадӣ дар сарҳадҳои беруна барои солҳои 2021-2025, натиҷаҳои таҳлили муқоисавии ҳуқуқии меъёрҳои қонунгузории намунавӣ дар соҳаи таҳкими амнияти сарҳадӣ дар сарҳадҳои беруна ва меъёрҳои қонунгузории амалкунандаи давлатҳои аъзои ИДМ дар ин самт нишон медиҳад, ки муқаррароти алоҳидаи қонунҳои намунавӣ бояд тағйир дода шавад.

Дар ҷаласа  ҳамчунин масъалаҳои марбут ба ташаккули пешниҳодҳо оид ба нақшаи дурнамои рушди қонунбарории намунавӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои солҳои 2023-2025 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

АКС: МН МО ҶТ

Октябрь 29, 2021 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид