Вакили Маҷлиси намояндагон Рустам Шоҳмурод дар ҷаласаи Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба мудофиа ва амният иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 29.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри Таврическии шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба мудофиа ва амният баргузор гардид, ки дар кори он раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод дар реҷаи маҷозӣ (онлайн) иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ “Ховар” хабар дод.
Аъзои комиссия масъалаи ташкилии интихоби раиси комиссия ва муовинони ӯро ба муносибати тағйир ёфтани ҳайатҳои вакилони парламентӣ оид ба иштирокашон дар фаъолияти АБ ИДМ баррасӣ намуданд.
Дар ҷаласа ҳамчунин лоиҳаи қонуни намунавӣ «Дар бораи амнияти миллиро» муҳокима намуданд, ки омода намудани он ба якчанд ҳолат, аз ҷумла таҳдид ба давлатҳо бинобар тезу тунд шудани вазъияти байналмилалӣ, тамомияти арзии давлат, зарурати истифодаи неруи ҷомеаи шаҳрвандӣ барои таъмини амнияти миллӣ вобаста буд.
Дар ҷаласаи комиссия лоиҳаи қонуни намунавӣ «Дар бораи низоми ягонаи даъвати ёрии таъҷилӣ», ки ба мувофиқа кардани қонунҳои миллӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи вокуниши саривақтӣ ба ҳодисаҳо ва ҳолатҳои фавқулода пешбинӣ шудааст, баррасӣ гардида, барои гирифтани хулосаи экспертӣ ба парламентҳои давлатҳои аъзои ИДМ ирсол гардид.
Дар ҷаласаи комиссия аъзои Шӯрои фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадӣ лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонунҳои намунавии «Дар бораи амнияти сарҳадӣ», «Дар бораи сарҳади давлатӣ», «Дар бораи мақомоти (қувваҳои) сарҳадӣ»-ро, ки тибқи барнома таҳия шудаанд, пешниҳод намуданд.
Аъзои комиссия ба хулосае омаданд, ки ҳамкории кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти таҳкими амнияти сарҳадӣ дар сарҳадҳои беруна барои солҳои 2021-2025, натиҷаҳои таҳлили муқоисавии ҳуқуқии меъёрҳои қонунгузории намунавӣ дар соҳаи таҳкими амнияти сарҳадӣ дар сарҳадҳои беруна ва меъёрҳои қонунгузории амалкунандаи давлатҳои аъзои ИДМ дар ин самт нишон медиҳад, ки муқаррароти алоҳидаи қонунҳои намунавӣ бояд тағйир дода шавад.
Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои марбут ба ташаккули пешниҳодҳо оид ба нақшаи дурнамои рушди қонунбарории намунавӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои солҳои 2023-2025 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
АКС: МН МО ҶТ








Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд






