Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия дидан намуд

Октябрь 15, 2021 09:15

ДУШАНБЕ, 15.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода 13 октябр ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи риояи ҳуқуқи инсон аз Муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и  Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ “Ховар” аз хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни боздид роҳбари дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Ҳайдаралӣ Раҷабзода ва муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ  ва сиёсии дастгоҳи Ваколатдор Ҳусниддин Нидоев иштирок намуданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо тартиб ва қоидаҳои нигоҳдории маҳкумшудагоне, ки дар ин муассиса адои ҷазо менамоянд, шинос шуд Ҳамчунин аз шароити моддӣ ( хӯрок, либос, ҷои хоб), шароити санитарӣ, хизматрасонии тиббии муассиса дидан намуд.

Умед Бобозода дар мавриди шароити нигоҳдорӣ бо маҳкумшудагон суҳбатҳои алоҳида гузаронид. Аз ҷумла, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо маҳкумшудагоне, ки нисбат ба онҳо дар ВАО хабарҳо доир ба мавриди муносибати бераҳмона қарор гирифтанашон нашр шуда буданд, шахсан вохӯрӣ намуд.

Зимни суҳбат маҳкумшудагон Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб ва Абдуқаҳҳор Давлатов иброз намуданд, ки онҳо мавриди муносибати бераҳмона қарор нагирифтаанд.

Маҳкумшуда Ҳикматулло Сайфуллозода дар ҷараёни суҳбат иброз намуд, ки ӯ аз ҷониби кормандон мавриди лату кӯб қарор нагирифтааст, балки байни ӯ ва дигар маҳкумшуда муноқиша сар задааст, ки ин қазия хусусияти сиёсӣ надорад.

Онҳо дар ҷараёни суҳбат оид ба ҳукми судиашон норозигӣ баён намуда, илова карданд, ки нисбат ба ҳукми суд ба мақомоти дахлдори давлатӣ барои аз нав баррасӣ намудан муроҷиат намудаанд.

Умуман зимни суҳбат маҳкумшудагон аз шароити нигоҳдорӣ, либос, хӯрок ва муносибати кормандони муассиса изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дар охир бо роҳбарияти муассисаи мазкур низ вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ оид ба талаботи қонунгузории амалкунанда ва санадҳои байналмилалие, ки Ҷумхурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, суҳбат доир шуд.

Бояд зикр кард, ки тартиби нигоҳдории маҳкумшудагон ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ мутобиқ мебошад.

Боздидҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз чунин муассисаҳо идома меёбанд.

АКС аз Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ

Октябрь 15, 2021 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»