Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия дидан намуд
ДУШАНБЕ, 15.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода 13 октябр ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи риояи ҳуқуқи инсон аз Муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ “Ховар” аз хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни боздид роҳбари дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Ҳайдаралӣ Раҷабзода ва муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии дастгоҳи Ваколатдор Ҳусниддин Нидоев иштирок намуданд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо тартиб ва қоидаҳои нигоҳдории маҳкумшудагоне, ки дар ин муассиса адои ҷазо менамоянд, шинос шуд Ҳамчунин аз шароити моддӣ ( хӯрок, либос, ҷои хоб), шароити санитарӣ, хизматрасонии тиббии муассиса дидан намуд.
Умед Бобозода дар мавриди шароити нигоҳдорӣ бо маҳкумшудагон суҳбатҳои алоҳида гузаронид. Аз ҷумла, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо маҳкумшудагоне, ки нисбат ба онҳо дар ВАО хабарҳо доир ба мавриди муносибати бераҳмона қарор гирифтанашон нашр шуда буданд, шахсан вохӯрӣ намуд.
Зимни суҳбат маҳкумшудагон Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб ва Абдуқаҳҳор Давлатов иброз намуданд, ки онҳо мавриди муносибати бераҳмона қарор нагирифтаанд.
Маҳкумшуда Ҳикматулло Сайфуллозода дар ҷараёни суҳбат иброз намуд, ки ӯ аз ҷониби кормандон мавриди лату кӯб қарор нагирифтааст, балки байни ӯ ва дигар маҳкумшуда муноқиша сар задааст, ки ин қазия хусусияти сиёсӣ надорад.
Онҳо дар ҷараёни суҳбат оид ба ҳукми судиашон норозигӣ баён намуда, илова карданд, ки нисбат ба ҳукми суд ба мақомоти дахлдори давлатӣ барои аз нав баррасӣ намудан муроҷиат намудаанд.
Умуман зимни суҳбат маҳкумшудагон аз шароити нигоҳдорӣ, либос, хӯрок ва муносибати кормандони муассиса изҳори миннатдорӣ намуданд.
Дар охир бо роҳбарияти муассисаи мазкур низ вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ оид ба талаботи қонунгузории амалкунанда ва санадҳои байналмилалие, ки Ҷумхурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, суҳбат доир шуд.
Бояд зикр кард, ки тартиби нигоҳдории маҳкумшудагон ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ мутобиқ мебошад.
Боздидҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз чунин муассисаҳо идома меёбанд.
АКС аз Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ








Дар ноҳияи Кӯшониён бо фаъолон ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ. Ба масоили бехатарии меҳнат ва ҳифзи саломатии кормандон таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад
Ғолиби Фестивали «Сайри гули лола» Сайфиддин Файзиддинов: «Тоҷикон аз қадимулайём гулпарвар буданд»
Дурнамои ҳамкорӣ байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Чин баррасӣ гардид
Шаҳри Душанбе сазовори Шоҳҷоизаи Фестивали ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» гардид
Имрӯз ғолибони Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҳавасманд гардонида мешаванд
Ҳайати Тоҷикистон дар Анҷумани XV онкологҳо ва радиологҳои кишварҳои ИДМ ва Авруосиё иштирок намуд
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Куруши Кабир» Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ идома дорад
Бо сокинони шаҳри Конибодом дар мавзуи худогоҳию худшиносии миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат ҳамоиш доир шуд
Дар мавзуи «Худогоҳию худшиносии миллӣ – василаи мубориза бо таассуб ва хурофот» бо сокинони шаҳри Исфара вохӯрӣ доир шуд






