Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар ҷаласаи VI Алянси Авруосиёии омбудсменҳо иштирок намуд

Октябрь 28, 2021 15:19

ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҷаласаи VI Алянси Авруосиёии омбудсменҳо (ЕАО) баргузор гардид, ки дар кори он Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода ба таври маҷозӣ ширкат намуд, хабар доданд ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласаи мазкур мавзӯи “Мубодилаи беҳтарини таҷрибаҳо оид ба масоили мубрами ҳимояи ҳуқуқҳои ҷавонон дар фазои Авруосиёӣ” мавриди баррасии иштирокчиён қарор гирифт.

Умед Бобозода дар мавзӯи “Нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳимояи ҳуқуқии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуда, ҷиҳати дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, хусусан нақши қонунгузории густурдаи мамлакат дар таъмини ҳифзи ҳуқуқи ҷавонон ва сиёсати иҷтимоии давлат нисбат ба ҷавонони кишвар, қабули санадҳои муҳими стратегӣ дар самти зикршуда, нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳимояи ҳуқуқи ҷавонон ибрози назар  намуд.

Дар ҷаласа омбудсменҳои давлатҳои аъзои Алянс: Федератсияи Русия, Сербия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон ва Тоҷикистон, инчунин аз кишварҳои мухталифи фазои Осиё ва Аврупо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ ширкат варзиданд.

Баъдан миёни аъзои алянс мубодилаи афкор ва  таҷрибаҳо stop-ulcers-meds.com, дар фарҷоми ҷаласа қарор қабул карда шуд.

Хотиррасон менамоем, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 2019 тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Алянси Авруосиёии омбудсменҳо гардид ва пайваста дар ҷаласаҳои он ширкат меварзад.

 АКС: Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ

Октябрь 28, 2021 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кирмакпарварони ноҳияи Рашт 18 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол менамоянд