Вазири молияи Тоҷикистон ва Директори минтақавии БАТР дар Осиёи Марказӣ маблағгузории иқтисодиёти сабзро баррасӣ намуданд

Октябрь 27, 2021 09:15

ДУШАНБЕ, 27.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда ва банақшагирифташуда, амалишавии лоиҳаҳои нави давлатии сармоягузорӣ дар самти технологияҳои рақамӣ, маблағгузории иқтисодиёти сабз, энергетика ва обтаъминкунӣ, иҷрои уҳдадориҳои қарзӣ аз рӯи созишномаҳои кафолатӣ ва дигар масъалаҳои ҳамкорӣ  26 октябр дар вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Директори минтақавии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар Осиёи Марказӣ хонум Жужанна Харгитай, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, муқокима шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар мулоқот роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон хонум Рика Ишии иштирок намуд.

Намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд изҳори назар намуданд, ки тибқи барномаи нави ҳамкорӣ бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ ба тақвият бахшидани фаъолияти бахши хусусӣ тавассути ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватании рақобатпазир ва ташкили ҷойҳои нави корӣ диққати махсус дода мешавад.

Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба таҳиясозии Нақшаи амал оид ба рушди иқтисодиёти рақамӣ, ҷалби кумаки техникии бонки мазкур дар самти рушди бозори коғазҳои қиматнок мубодилаи афкор намуданд.

 

Аксҳо аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ

Октябрь 27, 2021 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст