Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 27.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26 октябр дар Теҳрон мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ алоқамандии ҷонибҳо барои густариши равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъкид гардид.
Ҷонибҳо нақши Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эронро дар роҳи тавсеаи ҳамкорӣ зикр намуданд.
Ҳамчунин роҷеъ ба баҳрабардорӣ аз пружаҳои муштарак ва истифодаи зарфияти мавҷуда ҷиҳати тавсеаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ табодули назар сурат гирифт.
Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар вазъи Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор дода, ташкили ҳукумати фарогирро дар ин кишвар ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва рушди иҷтимоиву сиёсӣ дар Афғонистон таъкид карданд.
Мавриди зикр аст, ки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бино ба даъвати Вазири умури хориҷаи Эрон ҷиҳати ширкат дар Нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон+Русия ба Теҳрон ташриф бурдааст.

АКСҲО аз ВКХ ҶТ








Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд






