Вазорати корҳои дохилӣ барои узвият ба Шӯрои ҷамъиятӣ озмун эълон менамояд

Октябрь 30, 2021 09:16

ДУШАНБЕ, 30.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аъзо шудан ба Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди ВКД барои 3 соли минбаъда озмун эълон мекунад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Чунин шӯроҳои ҷамъиятӣ дар назди Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД), РВКД дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, минтақа ва ноҳияи Рашт ва қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба  гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб таъсис дода мешаванд.

Барои аъзо шудан ба Шӯрои ҷамъиятӣ шаҳрвандон, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё шахсони ҳуқуқӣ метавонанд номзадии худро пешбарӣ ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намоянд.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 10 ноябри соли ҷорӣ муайян шудааст.

Хоҳишмандон метавонанд маълумоти иловагиро вобаста ба фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ аз сомонаи интернетии Вазорати корҳои дохилӣ (www.vkd.tj) дарёфт намоянд.

АКС: ВКД ҶТ

Октябрь 30, 2021 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст