Ҳайати мақомоти гумруки Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии гумрук-2021 иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 26.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати мақомоти гумруки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода дар Форуми байналмилалии гумрук-2021, ки 21-22 октябр дар пойтахти Русия — шаҳри Москва доир гардид, иштирок намуд.
Аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласаи умумии Форуми байналмилалии гумрук-2021 Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ба таври маҷозӣ ширкат намуда, онро ифтитоҳ кард ва иштирокдорони Форумро шодбош гуфт.
Форуми байналмилалии гумрук-2021 шуруъ аз соли 1999 ҳамасола гузаронида шуда, ба намояндагони мақомоти гумрук ва соҳибкорон имкон медиҳад, ки барои мубодилаи таҷриба, муҳокимаи ташаббусҳои нав дар фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва маъмурикунонии гумрукӣ дар фазои хуби корӣ гуфтушунид доир намоянд. Дар бахшу ҷаласаҳои Форуми байналмилалии гумрук-2021 масъалаҳои марбут ба таъсиси гумруки электронӣ, фаъолияти мақомоти гумрук дар шароити пандемияи COVID-19, гумруки зеҳнӣ, истифодаи технологияҳои информатсионӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ баррасӣ гардиданд.

Дар доираи Форуми байналмилалии гумрук-21 миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Узбекистон «Илова ба Шартҳои техникии ҳамкорӣ дар самти мубодилаи маълумот байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Узбекистон аз 4 октябри соли 2018» ба имзо расид.
Инчунин дар доираи Форуми байналмилалии гумрук-2021 Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода бо Сардори Шӯрои марказии андозҳои ғайримустақим ва гумруки Вазорати молияи Ҳиндустон, Роҳбари Хадамоти давлатии гумруки назди Вазорати иқтисод ва молияи Қирғизистон, муовини якуми Сардори Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия, муовини якуми Кумитаи давлатии гумруки Узбекистон мулоқот намуд, ки зимни он масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории судманди гумрукӣ баррасӣ шуданд.
Аксҳо аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ













Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
Моҳи сентябр дар Тоҷикистон панҷумин Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва пайвастшавӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ АНГИШТКАНОН. Истихроҷи ангишт то ба 3 миллион тонна расонида мешавад
Дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода мавсими тайёр кардани мавиз оғоз гардид
Рақамикунонӣ — омили муҳими рушди бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад ва нақлиёт
Ширкати «Жонгшан»-и Чин дар Тоҷикистон ҳавзҳои муосири моҳидорӣ бунёд менамояд
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ ҷаласа баргузор гардид
«СИЁСАТИ НУРАФЗО». Таҳти ин унвон доир ба нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи энергетика китоби нав ба нашр расид
Татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар Душанбе баррасӣ шуд
Имрӯз парвози мустақим дар хатсайри Душанбе–Минск оғоз гардид
Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ баррасӣ гардид






