Юҷи Мияки: БОР афзалияти рушди Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 20.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон /БМТ/ бо Бонки Осиёии Рушд /БОР/ дар мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати коршиносони БОР, ки ба таври фосилавӣ доир гардид, баррасӣ шуд, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон. Муовини раиси БМТ Фирдавс Толибзода ба ҳайати БОР барои дастгирӣ ҷиҳати пешниҳоди кумаки техникӣ дар доираи барномаи «Такмили бахши молиявӣ ва идоракунии фискалӣ» арзи сипос намуда, гуфт, ки ин кумаки техникӣ бахшҳои назорати бонкӣ, рушди бозори суғурта, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, танзим ва назорати бонкдории исломиро фарогир буда, барои татбиқи муваффақонаи чораҳои индикативии барнома мусоидат хоҳад кард.
Мутахассиси БОР оид ба идоракунии давлатӣ Юҷи Мияки бо таваҷҷуҳ ба ислоҳоти татбиқшуда дар низоми бонкии Тоҷикистон зикр намуд, ки БОР афзалияти рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Мусоҳибон изҳори умед карданд, ки машваратчиёни дорои таҷрибаи байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо мутахассисони БМТ дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва роҳандозии ислоҳоти минбаъда муваффақ шуда, ба ин васила дар рушди низоми бонкии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо дар доираи кумаки техникӣ инчунин масъалаҳои бознигарии заминаи меъёрию ҳуқуқии ҷорӣ оид ба танзим ва назорати бахши бонкӣ, таҳия ва дар амал татбиқ намудани дастурамалҳои нав, гузаронидани тренингҳо ва семинарҳо оид ба зиёд кардани зарфияти кормандон, бахусус дар самти бонкдории исломӣ, тақвияти низоми суғурта, таҳияи шаклҳои нави ҳисоботи молиявӣ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва рақамикунонии онҳоро баррасӣ намуданд.
Инчунин масъалаҳои марбут ба таҳияи санадҳои меъёрӣ оид ба ҳисоббаробарориҳои актуарӣ, раванди истифодаи индикаторҳои муайянкунии устувории молиявии бозори суғурта, гузаронидани машваратҳо барои ташкилоти суғуртавӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ташкили институти Омбудсмени молиявӣ дар Тоҷикистон ва таҳияи санади стратегиро матраҳ намуданд.
Аксҳо аз БМТ








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад






