Жужанна Харгитай фаъолияти низоми бонкии Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ намуд
ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкории шарикии Бонки миллии Тоҷикистон /БМТ ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд /БАТР/ «Барномаи дастгирии маблағгузории тиҷоратӣ» муваффақона амалӣ гардида, беш аз 700 нафар кормандони ташкилоти қарзии молиявии Тоҷикистон соҳиби сертификати Палатаи савдои байналмилалӣ оид ба тиҷорати байналмилалӣ (GoingGlobal) шуданд, ки ин шаҳодати ҳамкории зичу пурмаҳсули БМТ ва БАТР мебошад. Ин нуктаро Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода дар мулоқот бо ҳайати Намояндагии БАТР таҳти роҳбарии директори идоракунандаи БАТР барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Жужанна Харгитай ва роҳбари Намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Рика Ишии зикр намуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба БМТ иттилоъ медиҳад, ки Раиси БМТ аз равобити судманд бо БАТР ёдовар шуда, ҷалби сармоя ба иқтисодиёт, татбиқи ислоҳоти низоми бонкӣ, баланд бардоштани сатҳи идоракунии корпоративӣ дар низоми бонкӣ, рушди бозорҳои молиявӣ, асъор ва тақвияти сиёсати пулию қарзиро аз бахшҳои муҳиме номид, ки БМТ ва БАТР дар ин самт фаъолияти пурсамар ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Хонум Жужанна Харгитай ба фаъолияти низоми бонкии кишвар баҳои мусбат дода, гуфт, ки сиёсати пулию қарзии БМТ самаранокии худро собит намудааст ва мо эътимод дорем, ки ҳамкории роҳандозишуда, аз ҷумла кумакҳои техникии ироагардида барои тақвияти фаъолияти низоми бонкии кишвар, таҳкими суботи молиявӣ, таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва пешниҳоди қарзҳо бо пули миллӣ мусоидат мекунад.
Ҳоким Холиқзода зимни баррасии масоили вобаста ба ҳамкории минбаъдаи БМТ ва БАТР таҳкими устувории молиявӣ, рушди бозори суғурта, сиёсати пулию қарзӣ ҷиҳати гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррум, рушди низоми пардохт ва таъмини устувории низоми комплаенсро аз соҳаҳои афзалиятнок барои равобити минбаъдаи БМТ ва БАТР номбар карда, хоҳони тақвияти муносибатҳо дар ин самт шуд.
Хонум Харгитай самтҳои барои ҳамкорӣ бо БМТ афзалиятнокро, ки ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат мусоидат менамоянд, бо хушнудӣ пазируфта, барои тавсеаи муносибатҳои тарафайн ҷиҳати рушди иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла низоми бонкӣ изҳори омодагӣ намуд. Инчунин вай ба баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва саҳми назарраси он дар рушди низоми бонкӣ, ҷалби бештари ҷавонон ва бонувон ба соҳаи бонкдорӣ, молия ва тиҷорат таваҷҷуҳ намуд.
Ташаккули иқтисодиёти сабз, тақвияти раванди рақамикунонии низоми бонкӣ ва ба ин васила дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ, таҳкими сиёсати монетарӣ, пешниҳоди кумакҳои техникӣ бо назардошти ҷалби мушовирони байналмилалӣ, баланд бардоштани зарфияти кормандони низоми бонкӣ аз самтҳое муаррифӣ гардиданд, ки БМТ ва БАТР имкон доранд барои рушди равобит таваҷҷуҳ намоянд.
Дар мулоқот мусоҳибон ба тақвияти ҳамкорӣ миёни БМТ ва БАТР таъкид намуда, ҳавасмандии худро барои густариши равобити дуҷониба иброз намуданд.
Аксҳо аз БМТ








Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст






