Жужанна Харгитай фаъолияти низоми бонкии Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ намуд

Октябрь 28, 2021 14:08

ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкории шарикии Бонки миллии Тоҷикистон /БМТ  ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд /БАТР/  «Барномаи дастгирии маблағгузории тиҷоратӣ» муваффақона амалӣ гардида, беш аз 700 нафар кормандони ташкилоти қарзии молиявии Тоҷикистон соҳиби сертификати Палатаи савдои байналмилалӣ оид ба тиҷорати байналмилалӣ (GoingGlobal) шуданд, ки ин шаҳодати ҳамкории зичу пурмаҳсули БМТ ва БАТР мебошад. Ин нуктаро  Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода дар мулоқот бо ҳайати Намояндагии БАТР таҳти роҳбарии директори идоракунандаи БАТР барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Жужанна Харгитай ва роҳбари Намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Рика Ишии зикр намуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба БМТ иттилоъ медиҳад, ки Раиси БМТ аз равобити судманд бо БАТР ёдовар шуда, ҷалби сармоя ба иқтисодиёт, татбиқи ислоҳоти низоми бонкӣ, баланд бардоштани сатҳи идоракунии корпоративӣ дар низоми бонкӣ, рушди бозорҳои молиявӣ, асъор ва тақвияти сиёсати пулию қарзиро аз бахшҳои муҳиме номид, ки БМТ ва БАТР дар ин самт фаъолияти пурсамар ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.

Хонум Жужанна Харгитай ба фаъолияти низоми бонкии кишвар баҳои мусбат дода, гуфт, ки сиёсати пулию  қарзии БМТ самаранокии худро собит намудааст ва мо эътимод дорем, ки ҳамкории роҳандозишуда, аз ҷумла кумакҳои техникии ироагардида барои тақвияти фаъолияти низоми бонкии кишвар, таҳкими суботи молиявӣ, таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва пешниҳоди қарзҳо бо пули миллӣ мусоидат мекунад.

Ҳоким Холиқзода зимни баррасии масоили вобаста ба ҳамкории минбаъдаи БМТ ва БАТР таҳкими устувории молиявӣ, рушди бозори суғурта, сиёсати пулию қарзӣ ҷиҳати гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррум, рушди низоми пардохт ва таъмини устувории низоми комплаенсро аз соҳаҳои афзалиятнок барои равобити минбаъдаи БМТ ва БАТР номбар карда, хоҳони тақвияти муносибатҳо дар ин самт шуд.

Хонум Харгитай самтҳои барои ҳамкорӣ бо БМТ афзалиятнокро, ки ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат мусоидат менамоянд, бо хушнудӣ пазируфта, барои тавсеаи муносибатҳои тарафайн ҷиҳати рушди иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла низоми бонкӣ изҳори омодагӣ намуд. Инчунин вай ба баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва саҳми назарраси он дар рушди низоми бонкӣ, ҷалби бештари ҷавонон ва бонувон ба соҳаи бонкдорӣ, молия ва тиҷорат таваҷҷуҳ намуд.

Ташаккули иқтисодиёти сабз, тақвияти  раванди рақамикунонии низоми бонкӣ ва ба ин васила дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ, таҳкими сиёсати монетарӣ, пешниҳоди кумакҳои техникӣ бо назардошти ҷалби мушовирони байналмилалӣ, баланд бардоштани зарфияти кормандони низоми бонкӣ аз самтҳое муаррифӣ гардиданд, ки БМТ ва БАТР имкон доранд барои рушди равобит таваҷҷуҳ намоянд.

Дар мулоқот мусоҳибон ба тақвияти ҳамкорӣ миёни БМТ  ва БАТР таъкид намуда, ҳавасмандии худро барои густариши равобити дуҷониба иброз намуданд.

  Аксҳо аз БМТ

Октябрь 28, 2021 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.3228 то 11.3000 сомонӣ муқаррар шудааст
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид