«30-солагии ИДМ: таҷриба ва навоварӣ». Таҳти чунин унвон дар Қасри Таврический ҷаласаи пленарӣ доир шуд

Ноябрь 15, 2021 13:28

ДУШАНБЕ, 15.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 10-11 ноябр дар Қасри Таврический, қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Санкт-Петербург ҷаласаи пленарии «30-солагии ИДМ: таҷриба ва навоварӣ» ва ҷаласаи мубоҳисавии «Фарҳанг ҳамчун омили асосии ҷараёни сайёҳон» баргузор гардид, ки дар муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода иштирок намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги мамлакат.

Дар ҷаласа Дабири кулли Шӯрои АБ  ИДМ Дмитрий Кобитский, вазирони фарҳанг  ва муовинони вазирони фарҳанги  давлатҳои Озарбойҷон, Федератсияи Русия, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Молдова, инчунин ходимони фарҳанг, роҳбарони китобхонаҳо ва намояндагони бузургтарин осорхонаҳои кишварҳои ИДМ ширкат доштанд.

Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода аз дурахшонтарин лаҳзаҳои ҳаёти фарҳангии ИДМ, инчунин нақшаҳои ояндаи кишварҳо дар фазои ИДМ ёдовар шуд.

Мавсуф иштирокчиёни ҷаласаро ба муносибати 200-солагии нависандаи бузурги рус Фёдор Михайлович Достоевский табрик намуд.

Ҳамчунин дар ҷараёни ҷаласа иштирокчиён доир ба фарҳанг ва 30-солагии ИДМ маърӯзаҳо ироа намуданд.

АКСҲО аз Вазорати фарҳанги ҶТ

Ноябрь 15, 2021 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад