ҲАДИСИ МУСАВВАР. Тоҷикистон дар Конфронси 26-уми байналмилалии иқлими СММ дар Глазгои Шотландия

Ноябрь 3, 2021 15:20

ДУШАНБЕ, 03.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Конфронси 26-уми ҷонибҳои Конвенсияи чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба тағйирёбии иқлим (COP26) дар шаҳри Глазгои Шотландия кори худро идома медиҳад. Дар он ҳайати расмии Тоҷикистон низ ширкат дорад.

Ифтитоҳи расмии конфронс 1 ноябр сурат гирифт. Дар ин рӯз маросими ифтитоҳи расмии Намоишгоҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти шиори «5 кишвар, 1 минтақа, 1 овоз» баргузор шуд. Дар ин намоишгоҳ чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла, суҳбату мулоқоти дуҷониба ва бисёрҷониба ба нақша гирифта шудаанд.

Дар ҷараёни музокирот дар Глазго кишварҳо иҷрои бандҳои калидии созишномаи Париж, инчунин ташаббусҳои нави давлатҳо барои коҳиши ихроҷи газҳои гулхонаиро баррасӣ хоҳанд кард.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар «COP 26» (climate change conference), ки аз 1 то 12 ноябр баргузор мегардад, ҳайати расмӣ намояндагӣ менамояд. Дар ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ бо иштироки роҳбарон ва намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии обуҳавошиносӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва дигар сохторҳои марбутаи кишвар баргузории якчанд чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст.

                                   

АКСҲО аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ ва манбаъҳои боз

Ноябрь 3, 2021 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАДИСИ МУСАВВАР. Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 240 бех дарахтони нодири ороишии ҳамешасабз шинонида шудааст
ҲАДИСИ МУСАВВАР. Гусели меҳмонон дар шаҳри Кӯлоб самимиву хотирмон сурат гирифт
ҲАДИСИ МУСАВВАР. Исфара ғарқи гул аст
ҲАДИСИ МУСАВВАР. Волидайни сарбозон аз қисмҳои низомӣ боздид намуданд
ҲАДИСИ МУСАВВАР. Волидайн бо шароити хизмати фарзандонашон дар қисмҳои ҳарбии ноҳияҳои Панҷ, Кӯшониён ва Абдураҳмони Ҷомӣ шинос шуданд
ҲАДИСИ МУСАВВАР. Дар Душанбе Қасри фарҳанги муосир бунёд мегардад
ҲАДИСИ МУСАВВАР. Дар Исфара маъракаи эмгузаронӣ бар зидди бемории сироятии коронавирус covid-19 вусъат мегирад
ҲАДИСИ МУСАВВАР. Дар ноҳияи Айнӣ аксияи «Ёрӣ ба пиронсолон» роҳандозӣ гардид
ҲАДИСИ МУСАВВАР. Ба сарҳадбонони ноҳияи Панҷ 250 адад китоб тақдим гардид
ҲАДИСИ МУСАВВАР. 3 километр роҳи мошингарди деҳаи Зумрадшоҳи шаҳри Исфара мумфарш гардид
ҲАДИСИ МУСАВВАР. Дар Суғд намоиши чорвои зотӣ доир гардид
ҲАДИСИ МУСАВВАР. Сокини деҳаи Ҷовидони шаҳри Турсунзода Оятулло Забиров тасмим гирифтааст симчӯбҳои фарсудаи деҳаро иваз намояд