Ҳайати расмии Тоҷикистон дар «COP 26» дар Глазго иштирок дорад

Ноябрь 3, 2021 08:12

ДУШАНБЕ, 03.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр дар шаҳри Глазгои Британияи Кабир Конфронси 26-уми ҷонибҳои Конвенсияи чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба тағйирёбии иқлим расман ифтитоҳ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар «COP 26» (climate change conference), ки аз 1 то 12 ноябр баргузор мегардад, ҳайати бонуфузи расмӣ намояндагӣ менамояд. Дар ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ бо иштироки роҳбарон ва намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии обуҳавошиносӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва дигар сохторҳои марбутаи кишвар баргузории якчанд чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст.

Дар конфронс дар Глазго намояндагони давлатҳои ҷаҳон  ҷараёни иҷрои масъалаҳои асосии созишномаи Париж, инчунин ташаббусҳои нави мамлакатҳо оид ба коҳиш додани партовҳои гази карбон ба атмосфераро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.

Инчунин маросими ифтитоҳи расмии Намоишгоҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти шиори «5 кишвар, 1 минтақа, 1 овоз» баргузор шуд. Дар ин намоишгоҳ чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла, суҳбату мулоқоти дуҷониба ва бисёрҷониба ба нақша гирифта шудаанд.

       АКСҲО: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти нази Ҳукумати ҶТ

Ноябрь 3, 2021 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд