Ҳамон миллате обрӯманд мегардад, ки Конститутсия ва қонунҳои худро эҳтиром ва риоя кунад,-бардошт аз ҳамоиш дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ

Ноябрь 5, 2021 13:20

 ДУШАНБЕ, 05.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Қабули Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ, воқеан мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намуд ва ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа мубаддал гардид.  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд,  ки «танҳо ҳамон миллате дар байни оламиён соҳиби обрӯ мегардад, ки Конститутсия ва қонунҳои худро эҳтиром ва риоя мекунад, танҳо ҳамон давлате нуфуз пайдо менамояд, ки шаҳрвандонаш сарфи назар аз мансубияти нажодӣ, миллӣ ва диниашон эҳтиром ва волоияти қонунро ба ҷо меоранд ва дар айни замон ба арзишҳои беҳтарини башарият арҷ мегузоранд». 

Ин матлабро имрӯз раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид  Файзуллозода бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия-санади сарнавиштсоз ва бахтномаи миллати тоҷик» дар ҷаласаи тантанавӣ баён дошт.

Муҳаммадсаид Файзуллозода зикр намуд, ки таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо аз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пеш аз ҳама, аз ғамхорӣ ва пуштибонии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин санади бузурги таърихӣ гувоҳӣ медиҳад.

Зикр шуд, ки тавассути қабули Конститутсия -ин дастоварди олӣ халқи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сарбаландӣ эълон сохт, ки соҳиби давлати соҳибихтиёри худ буда, дар роҳи ҳифзи комёбиҳо ва афзоишу таҳкими онҳо пайваста кӯшиш менамояд ва рушди соҳибихтиёрии давлати миллии хешро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи он саъю талош меварзад.

Дар ҷаласаи тантанавӣ сардори Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақсуд Низомӣ аз арзишҳои волои миллӣ ва шоҳкориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои давлат ва миллати тоҷик ёдрас шуда, иброз дошт, ки Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодагари азму ирода ва равшангари роҳи ҳаёти мардум воқеан санади тақдирсозест, ки низоми давлатдориро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин менамояд. Мақсуд Низомӣ китоби тозанашри Вазорати адлияро бо номи «Таҳаввулоти конститутсионии соҳибистиқлол» ба китобхонаи  Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ҳадя намуд.

АКСҲО: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҶТ

Ноябрь 5, 2021 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд