Дар Русия, ки содиркунандаи асосии шакар ба Тоҷикистон маҳсуб мешавад, болоравии нархи ин маҳсулоти ғизоӣ давом дорад
ДУШАНБЕ, 02.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Нархи шакари истеҳсолкунандагони Русия давоми ҳафта 1,6% боло рафта, то 27 октябр як килои он ба 41,35 рубл баробар шуд. Дар ин бора дар маълумоти Вазорати кишоварзии Русия гуфта мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
«Нархи истеҳсолкунандагони саноатӣ ба қанди лаблабуи сафед то 27 октябри соли 2021 41,35 рублро барои як кг ташкил дод. (афзоиш 1,6% дар як ҳафта)», -хабар дод вазорати Русия.
Тибқи иттилои Иттиҳодияҳои истеҳсолкунандагони қанди Русия (Союзсахар), коркарди лаблабуи қанд ба анҷом расида, 18251,8 ҳазор тонна коркард шудааст (нисбат ба соли гузашта 4,3% зиёд), 2448,6 ҳазор тонна қанд (8,5% камтар аз сатҳи соли гузашта) истеҳсол шудааст. Тибқи маълумоти Хадамоти федеролии гумруки Русия, соли равон ҳаҷми воридоти шакари хом бе назардошти савдо бо кишварҳои ЕАЭО, ба ҳолати 24 октябри соли 2021 7,1 ҳазор тоннаро (дар соли 2020 — 5,2 ҳазор тонна) ташкил дод.
Тибқи маълумоти Хадамоти федеролии гумрук дар моҳҳои январ-августи соли 2021 ҳаҷми воридоти шакари сафед ба Русия 100,2 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Ҳаҷми содироти шакари сафед аз Русия дар моҳҳои январ-август 269,5 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Харидорони асосӣ Қазоқистон, Украина, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Арманистон мебошанд.
Ва аз аввали сол, тибқи маълумоти Росстат, нархи истеъмолии шакар 6,7% боло рафтааст. Аз нимаи моҳи декабри соли 2020 то 1 июни соли 2021 дар бозори шакар созишномаҳои нархҳо миёни Вазорати кишоварзӣ, Вазорати саноат ва савдо, таъминкунандагон ва фурӯшандагон амал мекарданд. Мувофиқи шартномаҳо, нархҳои фурӯши як килограмм дар нархи фурӯш то 36 рубл ва бо нархи чакана 46 рубл маҳдуд карда шуданд.
Дар «Союзсахар» гуфтанд, ки то 29 октябр истеҳсоли маҳсулот 2 миллиону 449 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки ин назар ба соли гузашта 8,5 фоиз кам аст. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», Русия дар истеҳсоли қанди лаблабу ҳамоно дар ҷаҳон ҷои аввалро ишғол мекунад.

Хадамоти федеролии гумрук хабар медиҳад, ки аз аввали соли 2021 то 24 октябр Федератсияи Русия 7,1 ҳазор тонна шакари хом дар муқоиса бо 5,2 ҳазор тонна дар соли 2020 ворид кардааст. Таъмини шакари сафед дар давраи моҳи январ то август бештар аз 100 ҳазор тоннаро ташкил дод.
Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷми воридоти шакар аз Русия баъд аз Қазоқистон дар ҷои дуввум қарор дорад. Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон таъминкунандаи аслии шакар ба Тоҷикистон Русия буда, 83,9%-и воридотро ташкил медиҳад.
Тибқи омори расмӣ, соли гузашта нархи шакар дар Тоҷикистон қариб 20% боло рафт. Афзоиши арзиши он асосан ба моҳҳои сентябр-октябр рост омад. Дар охири соли гузашта дар нуқтаҳои савдои шаҳри Душанбе 1 кг шакар 6,5-7 сомонӣ арзиш дошт, имрӯз он на камтар аз 9-10 сомонӣ арзиш дорад, ки нисбат ба соли 2020 аллакай 30% баландтар аст.

Бинобар иттилои кишварҳои ҳамсоя, вазъ дар Узбекистон ва Қирғизистон монанд буда, ҷаҳиши аслии нархҳо дар ин кишварҳо низ дар моҳи сентябр рух дода, рӯ ба афзоиш дорад. Умуман бозори ҷаҳонии шакар ҳоло халал ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли равон прокуратураи Москва ба иттиҳодияҳои филиалҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти нонпазӣ, шакар ва равғани офтобпараст огоҳӣ фиристода буд, ки нархи ин номгӯи молҳои зарурӣ набояд аз ҳад зиёд боло бурда шавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Тсюй Дунъюй ба муборизаи муштарак бо таҳдидҳои иқлимию иқтисодӣ даъват намуд
Агаси Арутюнян: «Конфронси 35-уми минтақавии ФАО барои муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон ва иқтидори кишоварзии он имконияти васеъ фароҳам меорад»
Байни ширкатҳои Тоҷикистону Чин 28 санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии 647 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид
Дар Душанбе Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ муколаимаи инвеститсионӣ баргузор гардид
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР. Иқдомҳои Президенти Тоҷикистон ба пешгирии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳои минтақаю ҷаҳон нигаронида шудаанд
Форуми «Сармоягузорӣ ба илм ва навоварии ҷавонон: Назари минтақавии форуми ҷаҳонии озуқаворӣ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ оғоз мешавад
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони корхонаи истеҳсоли оҳаксанг ва хокаи оҳак идома дорад
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хоҷамастон» дар як рӯз то 700 дона хишт истеҳсол менамояд
Дар Суғд неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 МВт сохта мешавад
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ омили муҳими пешрафти китобхонаҳо аст






