Аз номи Сергей Лебедев барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Анҷумани VI омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои ИДМ дар Душанбе номаи сипос расид
ДУШАНБЕ, 15.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ба унвони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз номи раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ, котиби масъул Сергей Лебедев барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Анҷумани VI омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви ИДМ, ки 28-29 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, номаи сипос ворид гардид, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Дар матни нома ба унвони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои меҳмоннавозии самимӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Анҷумани мазкур миннатдорӣ изҳор мешавад.
«Таваҷҷуҳ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Анҷумани VI омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви ИДМ бахшида ба 30-солагии ИДМ дар таҳкими иқтидори низоми маорифи миллӣ ҷиҳати таҳияи роҳҳои муштараки рушди минбаъдаи соҳаи маориф ва мустаҳкам намудани фазои умумии таълимии Иттиҳод муҳим аст.
Дар ин росто маҳорати баланди касбӣ ва муносибати масъулиятшиносиро ба кори кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пеш аз ҳама вазир, узви Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ Муҳаммадюсуф Имомзода, инчунин тамоми кормандони муассисаҳои таълимии кишвар баён менамоем.
Бовар дорем, ки натиҷаҳои Анҷумани баргузоргардида бо ғояҳои нав ва таклифҳои умедбахши худ ба ҳамкории самарабахш дар соҳаи маориф дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷараёни тоза мебахшад.
Мо ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманд ба нафъи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми Иттиҳод умедворем»,- омадааст дар нома.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»









Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд






