Аз павилйони Тоҷикистон дар «ЭКСПО-2020» дар Дубай зиёда аз 100 000 нафар дидан намуданд
ДУШАНБЕ, 06.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2020» дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб ифтитоҳ шудааст, давоми як моҳи охир зиёда аз 100 ҳазор нафар меҳмонон дидан намуданд. Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Аз ин павилион дар рўзҳои истироҳатӣ қариб 8500 нафар ва дар рӯзҳои корӣ ҳамарӯза зиёда аз 2500 нафар меҳмонон дидан карданд.
Мавзўи павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2020» «Об барои рушди устувор» мебошад. Дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО — 2020» зиёда аз 50 нафар иштирокчиён аз вазорату идораҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, дастовардҳо, намунаи маҳсулот, имконияти ҳамкорӣ ва иқтидори худро дар соҳаҳои гидроэнергетика, захираҳои обӣ, саноати сабук, саноати хўрокворӣ, кўҳкорӣ, роҳсозӣ, шаҳрсозӣ, ҳайвонҳои нодир, фарҳанг, маориф, таърих, гиёҳҳои коркардашудаи шифобахш, ҳунарҳои мардумӣ, сайёҳӣ ва ғ. муаррифӣ намуданд. Мавод ҳамчун расмҳои калонҳаҷм, амсила, видеофилмҳо, намунаҳои маҳсулот, маълумотномаҳо ва маводи иттилоотӣ дар шакли коғазӣ ва электронӣ барои муаррифӣ пешниҳод карда шудаанд.
Зикр карда шуд, ки 22 декабри имсол дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2020» дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Аз рўи маълумоте, ки аз ҷониби ташкилкунандагони намоишгоҳ паҳн шудааст, давоми як моҳ- аз якуми октябр аз Намоишгоҳи «ЭКСПО -2020» дар Дубай 2,3 млн нафар дидан намудаанд, ки қариб 17% онро хориҷиён ташкил медиҳанд. Қисми зиёди меҳмонон аз Ҳиндустон, Олмон, Фаронса, Арабистони Саудӣ ва Британияи Кабир мебошанд. То имрӯз намояндагони 185 кишвар аз намоишгоҳ дидан кардаанд.
Намоишгоҳ дар байни ҷавонон шӯҳрати хосса пайдо кардааст, зеро 17 фисади меҳмононро ҷавонони то 18- сола ташкил медиҳанд.
Бояд гуфт, ки намоишгоҳи умумиҷаҳонии ЭКСПО чорабинии муҳими байналмилалӣ буда, дорои таърихи бой мебошад ва дар кишварҳои гуногун аз соли 1851 инҷониб гузаронида мешавад. Айни ҳол ЭКСПО барои кишварҳои иштирокчӣ на фақат макони муаррифии навгониҳои технологӣ ва техникӣ, балки имконияти хуби дигар барои муаррифии иқтидорҳои сайёҳӣ мебошад.
АКС: ПСС Ҷумҳурии Тоҷикистон













Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд






