Аз павилйони Тоҷикистон дар «ЭКСПО-2020» дар Дубай зиёда аз 100 000 нафар дидан намуданд

Ноябрь 6, 2021 08:35

ДУШАНБЕ, 06.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2020» дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб ифтитоҳ шудааст, давоми як моҳи охир зиёда аз 100 ҳазор  нафар меҳмонон дидан намуданд. Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Аз ин павилион дар рўзҳои истироҳатӣ  қариб 8500 нафар ва дар рӯзҳои корӣ ҳамарӯза зиёда аз 2500 нафар   меҳмонон дидан карданд.

Мавзўи павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2020» «Об барои рушди устувор» мебошад. Дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО — 2020» зиёда аз 50 нафар иштирокчиён аз вазорату идораҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, дастовардҳо, намунаи маҳсулот, имконияти ҳамкорӣ ва иқтидори худро дар соҳаҳои гидроэнергетика, захираҳои обӣ, саноати сабук, саноати хўрокворӣ, кўҳкорӣ, роҳсозӣ, шаҳрсозӣ,  ҳайвонҳои нодир, фарҳанг, маориф, таърих, гиёҳҳои коркардашудаи шифобахш, ҳунарҳои мардумӣ, сайёҳӣ ва ғ. муаррифӣ намуданд. Мавод ҳамчун расмҳои калонҳаҷм, амсила, видеофилмҳо, намунаҳои маҳсулот, маълумотномаҳо ва маводи иттилоотӣ дар шакли коғазӣ ва электронӣ  барои муаррифӣ пешниҳод карда шудаанд.

Зикр карда шуд, ки 22 декабри имсол дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2020» дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Аз рўи маълумоте, ки аз ҷониби ташкилкунандагони намоишгоҳ паҳн шудааст, давоми як моҳ- аз якуми октябр аз Намоишгоҳи «ЭКСПО -2020» дар Дубай  2,3 млн нафар дидан намудаанд, ки қариб 17% онро хориҷиён ташкил медиҳанд. Қисми зиёди меҳмонон  аз Ҳиндустон, Олмон, Фаронса, Арабистони Саудӣ ва Британияи Кабир мебошанд. То имрӯз намояндагони 185 кишвар аз намоишгоҳ дидан кардаанд.

Намоишгоҳ дар байни ҷавонон шӯҳрати хосса пайдо кардааст, зеро 17 фисади меҳмононро ҷавонони то 18- сола ташкил медиҳанд.

Бояд гуфт, ки намоишгоҳи умумиҷаҳонии ЭКСПО чорабинии муҳими байналмилалӣ буда, дорои таърихи бой мебошад ва дар кишварҳои гуногун аз соли 1851 инҷониб гузаронида мешавад. Айни ҳол ЭКСПО барои кишварҳои иштирокчӣ на фақат макони муаррифии навгониҳои технологӣ ва техникӣ, балки имконияти хуби дигар барои муаррифии иқтидорҳои сайёҳӣ мебошад.

АКС: ПСС Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 6, 2021 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Хайринисо Идрисова: «Дастарӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид