Баҳодур Шерализода ва Девид Моран тавсеаи ҳамкории дуҷонибаро дар раванди таъсиси Фонди байналмилалии пиряхҳо баррасӣ намуданд

Ноябрь 12, 2021 10:22

ДУШАНБЕ, 12.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Конфронси 26-уми тарафҳо оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Глазгои Британияи Кабир Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо сафири минтақавии Конфронси 26-уми тарафҳо дар Аврупо, Осиёи Марказӣ, Туркия ва Эрон Девид Моран дар павилиони Осиёи Марказӣ мулоқот намуд.

Баҳодур Шерализода ба Девид Моран дар бораи ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 Соли ҳифзи пиряхҳо маълумот дода, тавсеаи ҳамкории дуҷонибаро дар раванди таъсиси Фонди байналмилалии пиряхҳо иброз намуд. Раиси Кумита инчунин пешниҳод намуд, ки ҳамкориро ҷиҳати амалигардонии харитаи роҳи саҳми миллии муайяншудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз фонди махсуси эълоннамудаи Британияи Кабир ба роҳ монанд.

Девид Моран ба ҷониби Тоҷикистон барои даъват ҷиҳати боздид аз павилиони Осиёи Марказӣ арзи сипос намуда, омодагии худро барои вусъати ҳамкории дуҷониба дар раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва дастрасӣ ба фондҳои махсус изҳор дошт.

 АКСҲО: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати  ҶТ

Ноябрь 12, 2021 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид