Ба қонун «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» тағйиру иловаҳо ворид мегарданд
ДУШАНБЕ, 15.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» мавриди баррасӣ қарор гирифт, иттилоъ дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».
Лоиҳаи қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Амонзода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодир Қосим, Амонулло Хайрулло, Бахтиёр Аҳмадзода, Рустам Раҳматзода ва Неъматулло Холбойзода бо мақсади такмил додани фаъолияти қонунгузорӣ, бартараф кардани мухолифат миёни қонунҳо, беҳтар намудани сифат ва самаранокии онҳо таҳия ва пешниҳод шудааст.
Қонуни амалкунанда соли 2017 қабул шуда, тибқи лоиҳа пешниҳод мегардад, ки ба он тағйиру иловаҳои дахлдор оид ба танзими муносибатҳои нав, яъне мафҳумҳои «паркҳои саноатӣ (индустриалӣ)», «кластерҳои саноатӣ», инчунин муайян намудани бархе аз принсипҳои нави танзимкунандаи муносибатҳои соҳа ворид карда шаванд. Аз ин лиҳоз, тибқи қисми 1 лоиҳа ба мафҳумҳои дар моддаи 1-и Қонун истифодашуда илова намудани мафҳумҳои нав, ба монанди «паркҳои саноатӣ (индустриалӣ)» ва «кластери саноатӣ» пешбинӣ карда мешавад.
Бо мақсади рушди босуботи соҳаи саноат дар заминаи муқаррароти Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 пешбинӣ карда мешавад, ки ба моддаҳои 3 ва 4 қонун вобаста ба вазифаҳо ва принсипҳои қонун сархатҳои нав илова карда шаванд.
Бо назардошти ташаккул ва рушди фаъолият дар соҳаи саноат мувофиқи қисмҳои 4, 5, 6, 7 ва 8 лоиҳа пешниҳод мегардад, ки дар моддаҳои 8, 10, 14 меъёрҳои дахлдор оид ба татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонӣ, аз қабили пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок тариқи қарзҳои бонкӣ пешбинӣ карда шуда, моддаи 12 бинобар тағйир ёфтани танзими ҳуқуқии муносибатҳо вобаста ба дастгирии молиявии соҳа хориҷ карда шавад.
Илова ба ин, мутобиқ ба талаботи қисми 9 лоиҳа пешниҳод мешавад, ки ба боби 2 қонун моддаҳои 91 ва 92 илова карда шаванд. Дар боби мазкур муқаррарот оид ба паркҳои саноатӣ (индустриалӣ), кластерҳои саноатӣ ва дастгирии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат дар самти фаъолияти иқтисодии хориҷӣ пешбинӣ карда шудааст.
Ҳамзамон бо пешниҳоди лоиҳаи қонун якчанд истилоҳу ибораҳо мувофиқ карда шуда, меъёрҳо ва сохтори баъзе моддаҳои қонун мушаххасу саҳеҳ гардонида шуданд.
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС аз бойгонӣ








Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






