Ба қонун «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» тағйиру иловаҳо ворид мегарданд

Ноябрь 15, 2021 11:30

ДУШАНБЕ, 15.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» мавриди баррасӣ қарор гирифт, иттилоъ дод  котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».

Лоиҳаи қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Амонзода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодир Қосим, Амонулло Хайрулло,  Бахтиёр Аҳмадзода, Рустам Раҳматзода ва Неъматулло Холбойзода бо мақсади такмил додани фаъолияти қонунгузорӣ, бартараф кардани мухолифат миёни қонунҳо, беҳтар намудани сифат ва самаранокии онҳо таҳия ва пешниҳод шудааст.

Қонуни амалкунанда соли 2017 қабул шуда, тибқи лоиҳа пешниҳод мегардад, ки ба он тағйиру иловаҳои дахлдор оид ба танзими муносибатҳои нав, яъне мафҳумҳои «паркҳои саноатӣ (индустриалӣ)», «кластерҳои саноатӣ», инчунин муайян намудани бархе аз принсипҳои нави танзимкунандаи муносибатҳои соҳа ворид карда шаванд. Аз ин лиҳоз, тибқи қисми 1 лоиҳа ба мафҳумҳои дар моддаи 1-и Қонун истифодашуда илова намудани мафҳумҳои нав, ба монанди «паркҳои саноатӣ (индустриалӣ)» ва «кластери саноатӣ» пешбинӣ карда мешавад.

Бо мақсади рушди босуботи соҳаи саноат дар заминаи муқаррароти Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 пешбинӣ карда мешавад, ки ба моддаҳои 3 ва 4 қонун вобаста ба вазифаҳо ва принсипҳои қонун сархатҳои нав илова карда шаванд.

Бо назардошти ташаккул ва рушди фаъолият дар соҳаи саноат мувофиқи қисмҳои 4, 5, 6, 7 ва 8 лоиҳа пешниҳод мегардад, ки дар моддаҳои 8, 10, 14 меъёрҳои дахлдор оид ба татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонӣ, аз қабили пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок тариқи қарзҳои бонкӣ пешбинӣ карда шуда, моддаи 12 бинобар тағйир ёфтани танзими ҳуқуқии муносибатҳо вобаста ба дастгирии молиявии соҳа хориҷ карда шавад.

Илова ба ин, мутобиқ ба талаботи қисми 9 лоиҳа пешниҳод мешавад, ки ба боби 2 қонун моддаҳои 91 ва 92 илова карда шаванд. Дар боби мазкур муқаррарот оид ба паркҳои саноатӣ (индустриалӣ), кластерҳои саноатӣ ва дастгирии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат дар самти фаъолияти иқтисодии хориҷӣ пешбинӣ карда шудааст.

Ҳамзамон бо пешниҳоди лоиҳаи қонун якчанд истилоҳу ибораҳо мувофиқ карда шуда, меъёрҳо ва сохтори баъзе моддаҳои қонун мушаххасу саҳеҳ гардонида шуданд.

Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКС аз бойгонӣ

Ноябрь 15, 2021 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳокимаи парлумонӣ дар Маҷлиси намояндагон
Дар Камбоҷа аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва нақши он дар таъмини ҳамзистии сиёсӣ-иҷтимоӣ ёдовар шуданд
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар конфронси байналмилалӣ дар Туркманистон иштирок намуданд
Оид ба иҷрои Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ муҳокимаи парлумонӣ доир шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо сенатори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Стив Дейнс мулоқот намуд
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок намуданд
Дар Маҷлиси намояндагон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот анҷом доданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Русия шуданд