Ба Тоҷикистон бастаҳои нави ваксинаҳои «AstraZeneca» ва «Pfizer-BioNTech» ворид гардиданд

Ноябрь 15, 2021 15:44

ДУШАНБЕ, 15.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 14 ноябр дар доираи фаъолияти механизми КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19 ба Тоҷикистон 192 ҳазор воя ваксинаи «AstraZeneca» ва 117 ҳазор воя ваксинаи «Pfizer-BioNTech» ворид гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Маври дикр аст, ки имрӯз ИМА тавассути Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) барои идомаи мубориза бо пандемияи COVID-19 аз 198 900 вояи ваксинаи Pfizer 117 000 вояро ба Тоҷикистон ҳадя кард. Боқимонда 81 900 воя ваксина ҳафтаи оянда интиқол дода мешавад. Ин тақдим ба 325 260 вояи ваксинаи Pfizer, ки моҳи сентябр ва 1,5 миллион вояи ваксинаи Moderna, ки дар моҳи июли соли 2021 расонида шудааст, илова аст.

Ҳамчунин субҳи имрӯз аз ҷониби Ҷумҳурии Латвия ҳамчун кумаки башардӯстона 60 ҳазор воя ваксинаи «AstraZeneca» вориди Тоҷикистон шуд.

Дар маросими қабули вояҳои ваксинаҳои мазкур намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат ва дар асоси нақшаи пешбинишуда имрӯзҳо дар тамоми манотиқи кишвар маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории мазкур бомаром идома дорад.

Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, имрӯзҳо сокинони мамлакат бо масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, ваксинаи  зидди ин беморӣ гирифта истодаанд.

Маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавируси COVID-19 дар тамоми ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд ҷараён дошта, сокинон аз ғамхориҳои пайвастаи ҳукумати кишвар, хосатан дар самти сари вақт дастрас намудани ваксинаи зидди бемории коронавирус сипосгузории хешро иброз медоранд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иттилоъ дода буд, ба ҳолати  12 ноябр дар ҳудуди Тоҷикистон дар асоси нақшаи пешбинишуда  2 миллиону 758 ҳазору 384 нафар (47,3%)  шаҳрвандони мамлакат ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида  2 миллиону 265 ҳазору 815 нафар (38,9%) шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

Ҳамзамон маъракаи иммунизатсия миёни аҳолии шаҳри Душанбе 100,4% иҷро гардидааст.

АКС аз бойгонии маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Ноябрь 15, 2021 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид