Бахшида ба Рӯзи Конститутсия кормандони ҷавони Хадамоти иҷро бо рутбаҳои аввалини тахассусӣ сарфароз гардонида шуданд

Ноябрь 6, 2021 09:39

ДУШАНБЕ, 06.11.2021 /АМИТ «Ховар» /. 5 ноябри соли равон дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он бо Фармоиши Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони ҷавони Хадамоти иҷро бо рутбаҳои аввалини тахассусӣ сарфароз гардонида шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар маҷлиси тантанавӣ кормандони дастгоҳи марказии Хадамот, иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Дар оғози чорабинии идона Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Барно Саидвализода иброз намуд, ки таҷлили 27-умин солгарди нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки шоҳсутун ва бахтномаи давлати Тоҷикистон ва давлатдории миллии тоҷикон маҳсуб меёбад, барои ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон рӯйдоди воқеан таърихӣ ва тақдирсоз мебошад.

Зикр шуд, ки мардуми тоҷик бо майлу иродаи худ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ 27 сол муқаддам аввалин маротиба имконияти таърихӣ ва ҳуқуқии қабули бевоситаи санади волои миллии худро амалӣ сохта, ба шарофати он пойдевори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро таҳким бахшид.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Ҳукумати кишвар бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари қабули Конститутсия фаъолияти худро дар асоси талаботи он ба роҳ монда, дар пешрафту рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон мунтазам иқдомҳои созандаро роҳандозӣ намуд.

Инчунин гуфта шуд, ки ҳар қадар солҳо моро аз давраи қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дур мебаранд, ҳамон қадар аҳамияту зарурати мавҷудияти он дар таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ва тавсеаи нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ мазмуну моҳияти муҳимтар касб менамояд.

Сипас, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир Абдуллои Раҳнамо ва дигар кормандони Хадамоти иҷро баромад намуда, аҳамияти бузург доштани Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташаккули низоми қонунгузории мамлакат маънидод намуданд.

 

АКСҲО аз Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 6, 2021 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид