БМТ: Пулҳои коғазии намунаи соли 2021 ба муомилот бароварда мешаванд
ДУШАНБЕ, 18.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2021 бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ ба муомилот бароварда мешаванд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон.
Пулҳои коғазии барориши соли 2021 бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2021 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” сурат гирифта, ҳадафаш таъмини иқтисодиёти кишвар бо нишонаҳои пулӣ мебошад.
Пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100, 200 ва 500- сомонии намунаи соли 2021 дар баробари пулҳои коғазии барориши солҳои 1999, 2010, 2017 ва 2018, ки дар муомилот мавҷуданд, баробар гардиш менамоянд.
Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкили шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2021 бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ тибқи тартиби муқарраршуда тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Мавриди зикр аст, ки пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон- сомонӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 30 октябри соли 2000 ба муомилот бароварда шудааст.
Сомонӣ — асъори миллии мамлакат ба ифтихори асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон- шоҳ Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст.
АКСҲО: БМТ




















Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад






