Бо қабули Конститутсия таъмини волоияти қонун ва рушди тамоми соҳаҳо дар Тоҷикистон таъмин гардид

Ноябрь 6, 2021 09:55

ДУШАНБЕ, 6.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуд. Бо қабули ин ҳуҷҷати тақдирсоз таъмини волоияти қонун ва рушди тамоми соҳаҳо дар Тоҷикистон таъмин гардида, баҳри пешрафти самтҳои гуногуни ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда шуд.Ин нукта зимни баргузории чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар  Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ зикр гардид.

Зимни баргузории чорабинии идона Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, иброз дошт, ки барои кишвари мо Рӯзи қабули Конститутсия яке аз санаҳои басо муҳим ба шумор меравад. Чун ин ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз дар Тоҷикистон замоне қабул гардид, ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Бинобар ин, барои барқарор намудани сулҳу оромӣ, ваҳдати комил, ҳифзи якпорчагии марзу буми мамлакат ва муайян намудани заминаҳои ҳуқуқии рушди тамоми  соҳаҳои кишвар зарурати қабули Конститутсия пеш омад.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: «Қабули Конститутсия имконият дод, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад, қонунияту тартибот барқарору ҳукмрон гардад ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад».

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмону ташкилот ва давлатҳои абарқудрати олам яке аз беҳтарин конститутсияҳо эътироф гардидааст, ки ин боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои тандурустии кишвар чорабиниҳои идона баргузор гардида истодаанд.

Аксҳо аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Ноябрь 6, 2021 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа