Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи «Deloitte & Touche»-ро бозхонд намуд
ДУШАНБЕ, 29.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатияш дархости Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Делойт ва Туш» /Deloitte & Touche/-ро оид ба бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ намуд, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон.
Ин тасмим дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» гирифта шудааст.
Дар асоси ин қарор иҷозатномаи ҶДММ «Делойт ва Туш», ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар низоми бонкӣ аз 26 декабри соли 2018 дода шудааст, бозхонд карда шуд.
Департаменти назорати бонкӣ уҳдадор гардид, ки дар «Феҳристи иҷозатномаҳои фаъолияти аудиторӣ дар ташкилоти қарзии молиявӣ» сабти дахлдор ворид намояд.
«Deloitte & Touche» яке аз чаҳор ширкати бузургтарини аудиторӣ дар ҷаҳон буда, намояндагиҳои он дар 150 кишвари дунё, аз ҷумла 9 кишвари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамчунин Гурҷистон ва Украина ифтитоҳ гардидааст. Рисолати ширкати «Deloitte & Touche» хизматрасонӣ дар соҳаи аудит, андозбандӣ, консалтинг ва молияи корпоративӣ мебошад.
Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!






