«ЧАШМАИ ЗУЛОЛ». Ба шарафи пойтахти фарҳангии ИДМ эълон шудани шаҳри Душанбе кинофестивал доир мегардад
ДУШАНБЕ, 22.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябр дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров бахшида ба пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани шаҳри Душанбе дар соли 2021 кинофестивали «Чашмаи зулол» бо иштироки Ҳунарманди шоистаи Федератсияи Русия Эвклид Кюрдзидис баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм».
Кинофестивал ба ташаббуси Маркази илму фарҳанги Русия дар Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир мегардад.
Дар доираи кинофестивал филми ҳунарии «Флэшмоб», ки дар он яке аз нақшҳои асосиро Эвклид Кюрдзидис иҷро намудааст, барои доираи васеи алоқамандони кино намоиш дода мешавад. Баъди тамошои филм миёни ҳунарпешаю тамошобинон мубоҳисаю музокирот дар назар дошта шудааст.
Баргузории кинофестивали мазкур ба рушду таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳангу кино ва тақвияти робитаҳои фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва Русия мусоидат менамояд.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






