«ЧАШМАИ ЗУЛОЛ». Ба шарафи пойтахти фарҳангии ИДМ эълон шудани шаҳри Душанбе кинофестивал доир мегардад

Ноябрь 22, 2021 12:30

ДУШАНБЕ, 22.11.2021 /АМИТ «Ховар»/.  23 ноябр дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров бахшида ба пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани шаҳри Душанбе дар соли 2021 кинофестивали «Чашмаи зулол» бо иштироки Ҳунарманди шоистаи Федератсияи Русия Эвклид Кюрдзидис баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм».

Кинофестивал ба ташаббуси Маркази илму фарҳанги Русия дар Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир мегардад.

Дар доираи кинофестивал филми ҳунарии «Флэшмоб», ки дар он яке аз нақшҳои асосиро Эвклид Кюрдзидис иҷро намудааст, барои доираи васеи алоқамандони кино намоиш дода мешавад. Баъди тамошои филм миёни ҳунарпешаю тамошобинон мубоҳисаю музокирот дар назар дошта шудааст.

Баргузории кинофестивали мазкур ба рушду таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳангу кино ва тақвияти робитаҳои фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва Русия мусоидат менамояд.

АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

Ноябрь 22, 2021 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Покистон дар Тоҷикистон баррасӣ карда шуд
Намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО Ян Браату: Дастрасӣ ба иттилои расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд аст
«ХУТТАЛИ ҚАДИМ…». Ба муносибати 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маҷмуаи илмӣ аз чоп баромад
Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Тоҷикона мепӯшем!» ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
Дар Минск нахустин тарабхонаи тоҷикӣ бо номи «Умари Хайём» ифтитоҳ гардид
Роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ дар Рим осорхонаҳои Капитолиниро тамошо намуданд
Китоби «Арзёбии метеорологию экологии ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим» ба нашр расид
«НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК». Устод Айнӣ дар ин асар ориёӣ будани халқи тоҷикро собит намудааст
ВАССОФИ ВАТАН. Бахшида ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ баргузор мешавад
«РОБИАИ БАЛХӢ — НОБИҒАИ ШЕЪРИ ТОҶИК». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Тоҷикобод конфронси илмӣ доир шуд
ҲАМЕША БО ВАТАН БУДАМ. Ба зодрӯзи вассофи сулҳу дӯстӣ, Каҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода 115 сол пур мешавад
Ба муносибати 115-солагии Мирзо Турсунзода дар шаҳри Турсунзода конференсияи илмӣ-назариявӣ-ҳизбӣ баргузор шуд