«ДӮСТИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲИНДУСТОН». Таҳти ин мавзӯъ дар Осорхонаи миллӣ муаррифии маркаҳои ҷашнӣ ва намоиши расмҳои кӯдакон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 27.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 75-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Ҳиндустон муаррифии маркаҳои ҷашнӣ ва намоиши расмҳои кӯдакон дар мавзӯи «Дӯстии Тоҷикистон ва Ҳиндустон» баргузор гардид, иттилоъ доданд аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Дар намоиш 4 адад маркаҳои ҷашнии омоданамудаи Ҷумҳурии Ҳиндустон аз ҷониби Сафири ин кишвар Вираҷ Сингх дар ҳузури доираи васеи иштирокчиён рӯнамоӣ ва муаррифӣ гардид, ки дар онҳо муштаракоти таърихӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон инъикос шудаанд.
Дар намоиши мазкур маркази фарҳангии Свами Вивеканандаи Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ансамбли ҷумҳуриявии «Лаъл»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар намоиши мазкур зиёда аз 50 адад расмҳои офаридаи кӯдакони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамошо гузошта шудаанд, ки дар онҳо дӯстӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон инъикос шудааст.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода зикр намуд, ки ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузурге дар таърихи навини ду кишвари бо ҳам дӯст ба ҳисоб рафта, ин ҷашни бисёр муҳимро ду миллати тамаддунофару сулҳпарвар ҳамчун ҷашнвора таҷлил менамоянд.
Зикр шуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ҳиндустон тибқи созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ, хусусан дар соҳаҳои тандурустӣ, нақлиёт, илму маориф ва фарҳанг ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.
Робитаҳои мутақобилан судманди фарҳангӣ миёни ин ду кишвар имкон дод, то Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Сафорати Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе равобити зич ба роҳ монда, дар ин давра чорабиниҳои гуногун баргузор намоянд. Аз ҷумла, соли ҷорӣ намоиш ва конфронси илмӣ дар мавзӯи «Мирзо Турсунзода ва Ҳиндустон», намоиши дигар бахшида ба 20 – солагии таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Ёдгориҳои фарҳанги буддоӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор карда шуданд.
Намоиш дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон», Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
АКСҲО аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






