Дар арафаи Рӯзи Конститутсия панҷ ширкат вориди бозори сайёҳии Тоҷикистон шуданд
ДУШАНБЕ, 05.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябр таҷлил мегардад, панҷ ширкати сайёҳӣ -«Компас саёҳат», «Ҷамъ гурӯҳ», «Ҷаҳонгард», «Сайри кӯҳҳои Фон» вориди бозори туристии Тоҷикистон гардида, инчунин ба Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази иттилоотии хизматрасониҳои сайёҳӣ» иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ дода шуд, хабар медиҳад Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Иҷозатномаҳоро ба роҳбарону намояндагони ширкатҳои тозатаъсиси сайёҳӣ Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода дар ҷамъомади тантанавие, ки ба 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, супорид.
Тоҷиддин Ҷӯразода оид ба таърих ва нақши Конститутсия дар эъмори сохти давлатдорӣ ва ҳаёти ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуда, зикр кард, ки маҳз бо шарофати Конститутсия ҷаҳониён Тоҷикистонро чун кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушода ва халқи тоҷикро чун мардуми бунёдкору сулҳпарвар ва фарҳангию меҳмоннавоз шинохтанд.
Мавсуф афзуд, ки кафолати баамалбарории фаъолияти сайёҳӣ дар моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст. Мутобиқи ин модда, «Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад».
Зикр шуд, ки мутобиқи моддаи 37 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шаҳрванд ҳуқуқи истироҳат дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи муқаррар кардани ҳафта ва рӯзи корӣ, рухсатии ҳарсолаи пулӣ, рӯзҳои ҳарҳафтаинаи истироҳат ва шароити дигаре таъмин карда мешавад, ки қонун муайян кардааст». Ин ҳуқуқи шахс берун аз вақти корӣ ба истифода аз имкониятҳои қонунгузории сайёҳӣ мебошад. Дар асоси моддаи 38 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Давлат барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва сайёҳӣ тадбирҳо меандешад».
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ то ин дам маҷмӯи санадҳо ва меъёрҳои гуногуни ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд, ки бевосита ба рушди сайёҳӣ дар мамлакат мусоидат менамоянд. Ба онҳо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2009-2019», «Дар бораи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», Дар бораи Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохил мешаванд.
Аксҳо аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ










Дар ҷаласаи Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ ифтитоҳи хатсайрҳои нави ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ баррасӣ шуд
Раванди татбиқи барномаи иммунопрофилактика ва Консепсияи иқтисоди рақамӣ баррасӣ шуд
Хати магистралии алоқаи «Душанбе–Хоруғ–Қулма» то охири моҳи сентябр ба истифода дода мешавад
Нахустин гурӯҳи роҳбаладони «Shohin Airlines» барои гузаштани омӯзиши касбӣ ба Turkish Aviation Academy фиристода шуд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конфронси байналмилалӣ доир шуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Шумораи корхонаҳои парандапарварӣ қариб 11 маротиба бештар шуд
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 99,2 фоизи соҳибкорони инфиродӣ дар Ҳисор ба таври электронӣ ҳисобот пешниҳод намуданд
Тоҷикистон ва Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд ба маблағи 200 миллион доллар созишномаи қарзӣ ба имзо расониданд
«Тоҷиктелеком» ба платформаи ҷаҳонии мубодилаи трафики интернетии «DE-CIX» пайваст шуд
Дар Тоҷикистон нақшаи ҷамъоварии пахта муайян карда шуд
Дар Душанбе беш аз 7 ҳазор қуттӣ сигори бе тамғаи аксизӣ ошкор гардид






