Дар Ашқобод вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 27.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр дар шаҳри Ашқобод вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба масоили васеи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар тамоми соҳаҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор анҷом доданд.
Ҷонибҳо ба аҳамияти тезонидани татбиқи тавофуқоти зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон дар моҳи августи соли 2021 ҳосилшуда таъкид намуданд.
Тамаркузи махсус ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои муҳим, аз ҷумла иқтисодиёт, савдо, бахши сӯзишворию энергетикӣ, нақлиёт ва логистика, кишоварзӣ, обию мелиоративӣ, саноати сабуку коркардашуда ва ғайра зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо афзун гардидани теъдоди нишондиҳандаҳои табодули молро изҳор намуда, омодагии худро ҷиҳати тавсеа ва густариши савдои муштарак дар дурнамои наздик иброз намуданд.
Дар зимн, ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории созанда ва мутақобилан судманди ҷонибҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар ташкилоти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар остонаи баргузории ҷаласаи 25-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва 15-умин Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Ашқобод ба сатҳи ҳамкории муштараки ҳусни эътимод ва созанда дар чаҳорчӯби Созмони мазкур дар тӯли 29 соли фаъолияти он баҳои баланд дода шуд.
Дар мулоқот аз ҷониби Тоҷикистон инчунин Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода иштирок намуданд.
АКСҲО аз ВКХ ҶТ










Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






