Дар доираи Лоиҳаи «Рушди таҳсилотӣ олӣ» бо мақсади беҳтарнамоии таълим ва сифати таҳсилоти олӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр дар Маркази инноватсионии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо мақсади дастгирии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат бо таҷҳизоти иттилоотию коммуникатсионӣ ва лабораторӣ дар доираи Лоиҳаи «Рушди таҳсилотӣ олӣ» машварати омӯзишӣ гузаронида шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз донишгоҳи мазкур.
Дар кори машварат роҳбарони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат иштирок намуданд.
Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Собирзода оид ба масъалаҳои раванди татбиқи лоиҳаҳои грантӣ, натиҷаҳои он, беҳтар намудани фазо ва сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавассути муҷаҳҳаз намудани синфхонаҳою озмоишгоҳҳо бо технологияи муосир ва инноватсионӣ изҳори назар намуд.
Ҳамоҳангсози лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» Ҳалимҷон Саидзода ҷиҳати иштироки маъсулини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар таҳқиқот оид ба пайгирии хатмкунандагони ба шуғл тавсияҳо пешниҳод намуд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ», ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ роҳандозӣ гардидааст, даври амалисозии фаъолияти нав ҷиҳати дастгирии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо таҷҳизоти озмоишгоҳӣ ва технологияҳои иттилоотӣ оғоз гардид.
Тибқи он муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ то 20 декабри соли 2021 дархостҳои худро ҷиҳати дастрас намудани таҷҳизоти таълимӣ вобаста ба талаботи воқеӣ ва мувофиқат ба барномаҳои таълимии насли нав бояд ба озмун пешниҳод намоянд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






