Дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Тоҷикистон ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории байниидоравӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 30.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории байниидоравии «Ҳифзи иҷтимоӣ»-ро баргузор намуд, хабар доданд аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласа аъзои гурӯҳи кории байниидоравӣ бо нақши Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун платформаи таҳия ва татбиқи сиёсати умумии рушди устувор, вазифа ва функсияҳои гурӯҳи корӣ, ки намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва созмонҳои ҷамъиятиро дар бар мегирад, шинос шуданд.
Иштирокчиёни нахустҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ масъалаҳои таъмини низоми ҳифзи иҷтимоӣ, афзалияти стратегии сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дастоварду мушкилоти вазорат дар самти татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва дигар барномаҳои соҳавиро дар ҳошияи Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) муҳокима намуданд.
Иштирокчиёни нахустҷаласа инчунин бо тадқиқоти ноҳияи Рӯдакии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар самти арзёбии ҳиссаи одамон бо нуқсонҳои функсионалӣ ва талабот ба дастгоҳҳои ёрирасон ва ҳамчунин қонеънамоии ниёзи онҳо гузаронида шуда буд, шинос шуданд. Тадқиқот нишон дод, ки ба ҳисоби миёна 24,6% пурсидашудагон дар яке аз самтҳои функсионалӣ ҳадди ақалл каме мушкилӣ доранд, 6,9% онҳо эҳтимол ба як дастгоҳи ёрирасон эҳтиёҷ доранд, аммо имкони харидан надоранд. Дар натиҷаи пурсиш СҶТ тавсияҳоро оид ба фарогирии умумии хизматрасониҳои тандурустӣ бо назардошти таъмини дастгоҳҳои ёрирасон таҳия намуд, ки ба ҷаласа пешниҳод карда шуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа низоми мониторинг ва арзёбии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 муаррифӣ гашта, фарқияти асосии он аз низоми мониторинг ва арзёбии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, ҳамчунин ҳамгироии ҲРУ дар таҳияи барномаҳои соҳавӣ муҳокима шуд.
Бояд гуфт, ки бо мақсади такмил додани низоми мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ ҷиҳати татбиқи барномаҳои миллӣ, соҳавӣ, маҳаллӣ ва ҲРУ, Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ ташкил менамояд, ки аз намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва шарикони рушд иборатанд. Дар маҷмӯъ 14 гурӯҳи кории байниидоравии Шӯрои миллии рушд мувофиқи самтҳои соҳавии рушди фарогири афзалияти Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва ҲРУ ташкил карда шудаанд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдо








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид






