Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон ҳамоиш доир мешавад
ДУШАНБЕ, 30.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 3-4 декабр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон бо иштироки намояндагони сохтору кумитаҳои дахлдори давлатӣ ва намояндагони ташкилоти ҷамъиятии маъюбон ҳамоиш доир мегардад. Мавзӯи имсолаи Рӯзи байналмилалии маъюбон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид «Роҳбарӣ ва иштироки шахсони маъюб дар роҳи ташкили ҷаҳони фарогир, дастрас ва устувор пас аз COVID-19» эълон гардидааст.
Тавре раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон Асадулло Зикрихудоев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ҳамоиши мазкур бо дастгирии Департамент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (United Nations Departament of Economic and Social Affairs (UNDESA)) баргузор шуда, мақсад аз он бори дигар баррасӣ ва муайян намудани ҷараёни амалишавии «Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» мебошад.
Баъди ба имзо расидани Конвенсияи ҳуқуқи маъюбон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 27 феврали соли 2020 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» қабул шуд, ки ҳоло дар ҷараёни татбиқ қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар тамоми дунё 3 декабр Рӯзи байналмилалии маъюбон таҷлил мегардад. Ҳадафи он — мусоидат ба ҳуқуқҳои маъюбон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, инчунин ҷалби таваҷҷуҳи кулли ҷомеа ба мушкилоти маъюбон мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид






