Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди хушунат ҳамоиш доир мегардад

Ноябрь 25, 2021 08:30

ДУШАНБЕ, 25.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди хушунат  дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир мегардад. Дар ҳамоиши мазкур аз ҷониби коршиносон ва масъулини идораҳои марбута масъалаҳои коҳиш додани хушунату зӯроварӣ дар оилаҳо, тартиби равонасозии ҷабрдидагони зӯроварӣ ба ҳуҷраҳои барқарорсозӣ,  самтҳои  асосии фаъолияти мутахассисон дар ҳуҷраҳои мазкур, роҳҳои устувори ҷалби духтарон ба таҳсилоти олӣ, омилҳои иҷтимоиву демографии зӯроварӣ дар оила ва пешгирии он, инчунин дигар паҳлуҳои  мавзӯи мазкур  мавриди муҳокима қарор  мегиранд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки аз 17 декабри соли 1999 Ассамблеяи генералии СММ бо қарори худ 25 ноябрро Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди хушунат нисбат ба  занон эълон намуд, ки ин рӯз ҳамасола дар Тоҷикистон низ таҷлил мегардад. Мақсад аз таҷлили ин рӯз ҷалб намудани  таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ  ба ин масъалаи муҳим ва ҳамчунин нишон додани нақши назарраси занон дар ҳаёти имрӯза мебошад.

Бояд зикр намуд, ки бахшида ба ин рӯз бо қарори махсуси   СММ аз 25 ноябр то 10 декабр маъракаи «16 рӯзи мубориза бар зидди  зӯроварии гендерӣ»  дар тамоми кишварҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон  гузаронида мешавад.

Хушунат аз  калимаи арабии «хашуна» (яхшуну) гирифта шуда, маънояш «дағал будан, ба касе дағалӣ кардан, дуруштӣ» мебошад. Мутаассифона,  хушунат имрӯз ба масъалае   табдил ёфтааст, ки   қисматае аз  хонаводаҳоро фаро гирифтаву яке аз сабабҳои  аз ҳам пош хӯрдани оилаҳо гардидаааст. Аксаран ин зуҳурот аз ҷониби зану мард баробар сурат мегирад.

Тавре рақамҳои оморӣ шаҳодат медиҳанд, дар баъзе мавридҳо   хушунати хонаводагӣ  ба худкушии одамон, бахусус ҷавонон  оварда мерасонад.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 25, 2021 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид